Баррасии Паёми Пешвои миллат ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои ин ҳуҷҷати муҳимму тақдирсоз

Бойгонии ахбор
26.12.2017

Баррасии Паёми Пешвои миллат ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои ин ҳуҷҷати муҳимму тақдирсоз

26 декабри соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони бонк Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 22 декабри соли равон ироа гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар оғоз, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ баромад намуда, зикр намуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои рӯзгори неку пурсаодат ва фарогири масъалаҳои гуногуни соҳаҳои мухталифи кишвар буда, барномаи амалии фаъолияти тамоми сохтору идораҳои давлативу ҷамъиятиро барои соли 2018 дар бар мегирад.

_MG_7010.JPG

- Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ дурнамои масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар барои соли 2018 буда, дар он таҳлили масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, густариши робитаҳои бисёрсамта бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятӣ, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва тақвияти рушди содирот, ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои хизматрасонӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он, рушди неруи инсонӣ дар се самт – дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ, муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва ватанӣ, пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия, роҳҳо ва усулҳои амалишавии ҳадафҳои мазкур бо далелу рақамҳои мушаххас пешниҳод гардидааст. 

_MG_7982.JPG

Дар баробари ин, эълон шудани соли 2018 дар кишвар - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат бо мақсади муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ ва ба ин васила ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ, саҳмгузории низоми бонкӣ дар ҷаласа махсусан қайд карда шуд.

Қобили қайд аст, ки Пешвои миллат, вобаста ба низоми пуливу қарзии кишвар, бахусус, фишори қурб ба асъори миллӣ, ноустувории сармояи бонкӣ, сатҳи нокифояи қарздиҳӣ ба иқтисоди миллӣ ва ҷалби сармоя ишора намуда, таъкид намуданд, ки дар самти ислоҳоти зарурии пуливу қарзӣ, фаъолияти бонкҳо, назорати риояи қонунгузории бонкӣ ва такмили он, паст кардани дараҷаи хавфҳо, ҷорӣ намудани усулҳои идораи корпоративӣ, кам намудани истифодаи пули нақд дар муомилот ва вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шуда, инфрасохтори зарурӣ бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ташаккул дода шавад. Иҷрои ин таъкид дар навбати худ аз мо масъулияти бештарро талаб менамояд, - қайд намуд дар идомаи ҷаласаи корӣ сардори Шуъбаи ҳуқуқи БМТ Расулов Беҳзод.

IMG_7961.JPG

Дар идомаи чорабинӣ, иштирокдорон дар робита ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фикру андешаҳои худро баён дошта, зикр намуданд, ки аз ҷониби воҳидҳои сохтории бонк тамоми масъалаҳое, ки дар Паёми навбатӣ вобаста ба низоми бонкӣ ва молиявӣ ироа гардидааст, омӯхта шуда, дар робита ба он механизми дастгирии барномаҳо ва ҳадафҳои қайдшуда дар шакли нақша-чорабиниҳо бояд таҳия ва мавриди иҷро қарор гиранд.

Дар қисмати хотимавии ҷаласа сардори Идораи кормандони БМТ Давлаҳмад Гадоев иштирокдоронро ба иҷрои супоришҳои дар Паём ишорагардида даъват намуда, ҷаласаро бо овардани иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст намуд: “Мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида, баланд бардорем. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд”.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку