Мукаммал намудани низоми идоракунии корпоративӣ

Бойгонии ахбор
27.12.2017

Мукаммал намудани низоми идоракунии корпоративӣ

Дар доираи кумаки техникии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба мукаммал намудани низоми идоракунии корпоративӣ дар соҳаи бонкӣ ҳисобот оид ба баҳогузории инфрасохтор ва таҷрибаи идоракунии корпоративӣ дар институтҳои молиявӣ, 26 декабри соли 2017, дар вохӯрии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо директори идоракунии корпоративии ҶСП “Делойт ва Туш ИДМ” Олег Швирков, мененҷери идоракунии корпоративии ширкати мазкур Ирина Дейнега, директори генералии ҶДММ «Делойт ва Туш» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гуланор Атобек, мутахассиси кор бо институтҳои молиявии намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Юсупов ва роҳбари ширкати “Имкон” Замира Самадова мавриди муҳокима қарор дода шуд.

_MG_8085_1.JPG

Дар ҷараёни суҳбат Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкорӣ бо ҶСП “Делойт ва Туш ИДМ”, ҶДММ «Делойт ва Туш» ва Намояндагии доимии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҷамолиддин Нуралиев зикр кард, ки ташкилотҳои мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ фаъолияти муассир дошта, дар таҳияи ҳисоботҳо дар самтҳои муҳимми бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ саҳмгузорӣ кардаанд. “Бо назардошти он ки идоракунии корпоративӣ ва таъмини шаффофияти он дар низоми бонкӣ муҳим мебошад, бо такя ба таҷрибаи дигар кишварҳои мутараққӣ ба мукаммалгардонӣ зарурат мавҷуд аст”, -зикр намуд Ҷ.Нуралиев. 

_MG_8054_2.JPG

Ҷонибҳо зимни мулоқот ба масъалаҳое, ки аз ҷониби ҶСП “Делойт ва Туш ИДМ”барои муҳокима пешниҳод гардида буданд, аз ҷумла, нақшаи амал ва таҳияи ҳисобот оид ба мукаммалгардонии асосҳои ҳуқуқӣ, раванди назорат ва таҷрибаи мазкур дар ташкилотҳои молиявии давлатҳои дигар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Қайд карда шуд, ки ҳангоми татбиқи нақшаи амал дар идоракунии корпоративӣ, ки яке аз омилҳои таъмини устувории низоми бонкӣ мебошад, фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ беҳтар хоҳад шуд. 

_MG_8116_3.JPG

Дар ҷамъбасти мулоқот намояндагони ҶСП “Делойт ва Туш ИДМ” ҳамзамон ҳисоботи худро оид ба таҷрибаи идоракунии корпоративӣ дар бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таҷрибаи дигар кишварҳо пешниҳод намуданд. 

Дар мулоқоти мазкур инчунин Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдор иштирок доштанд. 

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку