Дар бораи ташкилотҳои қарзӣ

Бойгонии ахбор
29.12.2017

Дар бораи ташкилотҳои қарзӣ

Бо қарорҳои навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 дар асоси моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 10-12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” фаъолияти ФҚХ “Ҳақиқ”, ҶДММ ТАҚХ “Дастрас”, ҶДММ ТАҚХ “Пахта-Сармоя” ва ҶДММ ТАҚХ “Киропол-Экспресс” қатъ гардиданд. 

Инчунин, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Васлат”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2013, таҳти №50 дода шудааст, бозхонд карда шуд.

Самтҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои зикргардида дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда баррасӣ карда мешаванд. 

Шуъбаи матбуоти 
БМТ


Возврат к списку