Тадбирҳо баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат

Бойгонии ахбор
05.01.2018

Тадбирҳо баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, дар баробари дигар вазорату мақомотҳои дахлдор дар назди Бонки миллии Тоҷикистон як қатор вазифаҳо гузошта шуд.

Бо мақсади иҷрои саривақтии масъалаҳои дар назди Бонки миллии Тоҷикистон гузошташуда, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатӣ аз 4 январи соли 2018 (№1) бо мақсади таъмини рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ, инчунин, ҷалби бештари сармоя ба низоми бонкӣ ба Дастурамали №176 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ” (банди 9) тағйирот ворид намуда, ҳадди ақалли сармояи ойинномавиро барои бонкҳои навтаъсис 50 миллион сомонӣ муқаррар намуд.

Айни замон санади мазкур дар раванди бақайдгирии давлатӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, баъди гузаштани ин расмиёт ва интишори расмӣ дар муҳлати наздиктарин мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку