Баррасии вазъи низоми бонкӣ дар соли 2017 ва вазифаҳои нав барои соли 2018

Бойгонии ахбор
10.01.2018

Баррасии вазъи низоми бонкӣ дар соли 2017 ва вазифаҳои нав барои соли 2018

10 январи соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеъи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилотҳои қарзии ватанӣ ва хориҷӣ, шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва бюроҳои таърихи қарз баргузор гардид. Дар ҷаласа ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018 мавриди муҳокимаи ҳамаҷонибаи иштирокдорон қарор гирифт. 

J_1.JPG

Дар оғози ҷаласа Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2017) вобаста ба масъалаҳои низоми бонкӣ ва вазифаҳои дар пеш гузошташуда ёдовар шуд. Аз ҷумла, номбурда қайд намуд, ки низоми бонкии кишварро зарур аст, ҷиҳати иҷрои супориши Сарвари давлат “дар самти гузаронидани ислоҳоти зарурии пуливу қарзӣ, муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, сатҳи нархҳо, фаъолияти бонкҳо, назорати риояи қонунгузории бонкӣ ва такмили он, паст кардани дараҷаи хавфҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои идораи корпоративӣ” чораҳои мушаххас андешад.

J_2.JPG

Дар идомаи нутқи худ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода иштирокдоронро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намуда, изҳор дошт, ки низоми бонкӣ дар давраи ҳисоботӣ зери таъсири омилҳои берунӣ, ки бо идомаёбии буҳронҳои сиёсию молиявӣ дар ҷаҳон алоқаманд мебошанд, фаъолият намуда, сарфи назар аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза ва тағйирёбии нархи молу ашёи асосии содиротӣ соли 2017 нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ то андозае мусбат арзёбӣ гардиданд. 

Зикр гардид, ки дар натиҷаи татбиқи чораҳои солимгардонӣ нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла нисбат ба бонкҳои мушкилдор ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол (қарзҳое, ки зиёда аз 30 рӯз ба таъхир афтодаанд) тамоюли камшавӣ дошта, тибқи маълумотҳои фаврӣ ба санаи 31 декабри соли 2017 37,1 фоизро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 9,7 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст. Бақияи умумии пасандозҳо 9,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ бетағйир мебошад. Ҳамзамон, қайд шуд, ки пасандозҳо бидуни ду бонки муаммодор нисбат ба соли қаблӣ 1 737,3 млн. сомонӣ ё 30,4 фоиз зиёд шудааст, ки дар маҷмӯъ аз афзоиши боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад. Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда бошад, бидуни ду бонки муаммодор нисбат ба соли қаблӣ 997,7 млн. сомонӣ ё 15,1 фоиз зиёд шудааст, ки ба туфайли нисбатан муътадил рушд намудани иқтисодиёти кишвар ва ба ин васила зиёд гардидани талабот ба қарз шаҳодат медиҳад.

J_3.JPG

“Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати пулию қарзӣ ва асъории пайгирона ва шаффофро ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои афзалиятноки худ татбиқ намуда, истифодаи фишангҳои монетарӣ, пеш аз ҳама меъёри бозтамвилро барои танзими ҳаҷми пулҳои захиравӣ ва бартараф намудани фишорҳои қурбию таваррумӣ ба роҳ монда, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва боварию эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ислоҳоти сохторӣ, солимгардонӣ ва мониторинги доимии фаъолияти низоми бонкиро идома медиҳад” – изҳор намуд зимни маърӯза Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

J_4.JPG

Сипас, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ аз рӯи масъалаи асосии рӯзномаи маҷлис – “Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018” бо таҳлили амиқ, аз ҷумла мавқеи низоми бонкӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2017), нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, чораҳои андешидашуда дар соли 2017, нақшаҳои минбаъда ва вазифаҳо барои соли 2018 дар назди ҳозирин маърӯза намуд.

Номбурда диққати роҳбарони ташкилотҳои қарзиро ба фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ дар соли 2017, натиҷаҳои татбиқи сиёсати асъорӣ дар соли 2017, сохтори низоми бонкӣ, нишондиҳандаҳои маҷмӯии тавозунии ташкилотҳои қарзӣ, сохтори дороиҳо ва уҳдадориҳо дар низоми бонкӣ, сохтори сармояи низоми бонкӣ, саҳми низоми бонкӣ дар иқтисодиёт, тақсимоти дороиҳои низоми бонкӣ аз рӯи даромаднокӣ, ғайридолларикунонии низоми бонкӣ, сифати сандуқи қарзӣ, нишондиҳандаҳои асосии бозори кортҳои пардохтӣ, дороиҳо ва уҳдадориҳои суғуртавии Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷалб намуд. 

J_5.JPG

Дар идома, сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод суханронӣ намуда, таъкид кард, ки Бонки миллии Тоҷикистонро зарур аст, барои вусъат додани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, баргардонидани қарзҳои ғайрифаъол, таъмини сиёсати макропруденсиалӣ, ба роҳ мондани хизматрасонии муосир, инчунин дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат - Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда шуд, тадбирҳои лозима андешад.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ фикру андешаҳои мушаххаси худро иброз намуда, изҳор доштанд, ки омодаанд дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои номбурда саҳми худро гузоранд. 

J_6.JPG

Дар интиҳо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода фаъолияти низоми бонкии кишварро дар соли 2017 ҷамъбаст намуда, бо такя ба вазифагузорӣ аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди ташкилотҳои қарзии кишвар вазифаҳои навро баён намуд, аз ҷумла дар соли 2018 барои ҷалби бештари сармояи арзон ва дарозмуҳлат, баланд бардоштани фарҳанги қарздиҳӣ, такмил ва таҷдиди сиёсати қарзӣ, такмили идоракунии корпоративӣ, тахассуси кормандон ва ҷобаҷогузории дурусти онҳо, пурзӯр намудани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосири бонкӣ, васеъ намудани доираи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва таъмини соҳибкорон бо терминалҳо, зиёд кардани қарздиҳӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла истеҳсолоти хонагӣ, истифодаи ҳамаи имкониятҳои гуногун барои баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ чораҳои амалӣ андешади шаванд. Дар баробари бонкҳои ватанӣ, ба бонкҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, ҷиҳати ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти кишвар дастур дода шуд.

Раиси ҷаласа Ҷ.Нурмаҳмадзода қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати пурсамар татбиқ намудани сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди низоми бонкӣ пайваста тадбирҳо хоҳад андешид. “Умедворем, ки соли 2018 соли оғози раванди солимгардонӣ дар низоми бонкии кишвар хоҳад гашт ва бо дастовардҳои хуб натиҷагирӣ хоҳад шуд”, -гуфт Ҷ.Нурмаҳмадзода.


Шуъбаи матбуоти 
БМТ


Возврат к списку