Ҳадди ақалли сармояи ойинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис 50 миллион сомонӣ муқаррар карда шуд

Бойгонии ахбор
16.01.2018

Ҳадди ақалли сармояи ойинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис 50 миллион сомонӣ муқаррар карда шуд

Тадбирҳо баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид, дар баробари дигар вазорату мақомотҳои дахлдор дар назди Бонки миллии Тоҷикистон як қатор вазифаҳо гузошта шуд.

Бо мақсади иҷрои саривақтии масъалаҳои дар назди Бонки миллии Тоҷикистон гузошташуда, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатӣ аз 4 январи соли 2018 (№1) бо мақсади таъмини рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ, инчунин, ҷалби бештари сармоя ба низоми бонкӣ ба Дастурамали №176 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ” (банди 9) тағйирот ворид намуда, ҳадди ақалли сармояи ойинномавиро барои бонкҳои навтаъсис 50 миллион сомонӣ муқаррар намуд.

Санади мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №550 “ж” аз 5 январи соли 2018 ба қайд гирифта шуда, дар нашрияи расмӣ чоп шуд ва тибқи муқаррароти қонунгузорӣ мавриди амал қарор мегирад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку