Тамдиди иҷозатнома

Бойгонии ахбор
16.01.2018

Тамдиди иҷозатнома

Бо қарорҳои навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2017 таҳти №166-167 дар асоси моддаҳои 6, 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” иҷозатномаҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” ва ҶДММ ташкилоти суғуртавии “Эсхата - Суғурта” ба муҳлати 5 сол тамдид карда шуданд.

Идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон барои ворид намудани сабтҳои дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор карда шуд.

Шуъбаи матбуоти 
БМТ


Возврат к списку