Бозхонди иҷозатномаи ФҚХ “Сомит”

Бойгонии ахбор
29.01.2018

Бозхонди иҷозатномаи ФҚХ “Сомит”

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бо қарори навбатии худ аз 29 январи соли 2018 фаъолияти ФҚХ “Сомит”-ро бо дархости фонди мазкур оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қатъ намуд.

Мутобиқи қарори мазкур иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Сомит”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд гардид.

Мақомоти ваколатдори фонди қарзии мазкур вазифадор карда шуд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис дода, ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку