Мулоқот бо намояндагони БАТР

Бойгонии ахбор
29.01.2018

Мулоқот бо намояндагони БАТР

Дар вохӯрии Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, бо муовини директор вобаста ба институтҳои молиявӣ дар Осиёи Марказии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Артур Погосян, ки 26 январи соли 2018 баргузор гардид, масъалаҳои сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои рушди он мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

563A4370.jpg

Зимни мулоқот Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ оид ба нақши Намояндагии доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ, аз ҷумла тавассути ҷалби сармоягузорони институтсионалии нави хориҷӣ, ки ба сохтори сармояи бонк нигаронида шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуд.

563A4374.jpg

Дар ҷараёни суҳбати судманд муовини директор вобаста ба институтҳои молиявӣ дар Осиёи Марказии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Артур Погосян зикр намуд, ки барои дар сатҳи сифатан нави ҳамкории судманд ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи судманд мусоидат хоҳад кард.

563A4408.JPG

Дар вохӯрӣ инчунин, роҳбари Намояндагии доимии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова, сармутахассиси Департаменти институтҳои молиявии БАТР Бахтиёр Мансуров ва роҳбарони воҳидҳои сохтории БМТ иштирок намуданд.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку