Таҷлили Ҷашни Сада дар Бонки миллӣ

Бойгонии ахбор
01.02.2018

Таҷлили Ҷашни Сада дар Бонки миллӣ

31 январи соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарият ва аҳли кормандони Бонки миллӣ бахшида ба эҳёи ҷашни Сада ва аҳамияти таҷлили он ҷаласаи идона баргузор гардид.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар оғози чорабинӣ аҳли нишастро бо фарорасии ин ҷашни ниёгон муборакбодӣ намуда, изҳор дошт, ки эҳёи ин ҷашни таърихӣ ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид шудани он шаҳодат аз он аст, ки миллати тамаддунофари тоҷик соҳиби фарҳанги қадимӣ ва расму ойинҳои бостонӣ мебошад.

563A4523.jpg

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикиашон ба муносибати ҷашни Сада қайд намуданд: “Дар замони истиқлолият Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад” ва ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки суннату ойинҳои неки бостонӣ ва ҷашнҳои миллии аҷдодонамон, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созандаи башарият хизмати арзанда кардаанд.

Сипас, сардори Шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи Роҳбарияти БМТ доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов оид ба таърихи пайдоиши ҷашни Сада ва тартиби ҷашнгирии он то ва баъди зуҳури Ислом суханронӣ намуд.

563A4568.jpg

“Дар ганҷинаи пурғановати забони модарии мо чун гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтоб вожаҳои асилу сараи ба истилоҳ «аҳуроӣ» маҳфузанд, ки реша дар умқи таърих дошта, ба суннат ва расму ойинҳои қадими мардуми мо иртиботи қавӣ доранд ва гузаштаи дури пурифтихори моро ба имрӯз ва имрӯзи моро ба фардои дурахшони он пайванд медиҳанд. Вожагоне аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва Сада, ки номи ҷашнҳои қадими мардуми моро ифода мекунанд, дар ҳамин шуморанд. Ҷашни Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои басо қадимии мардуми ориёинажод буда, аз қадим хеле пуршукӯҳ, бо шодию сурур, гулханфурӯзиву рақсу бозӣ ва оростани дастархони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд. Таҷлили ин ҷашни аҷдодӣ имрӯзҳо имкон медиҳад, ки ҳувияти миллӣ қавитар гардида, насли имрӯз аз анъанаҳои неки ниёгон бархурдор гардад», - қайд намуд Мирзоҳасан Султонов.

563A4571.jpg

Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа сардори Идораи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон Давлаҳмад Гадоев зикр намуд, ки Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои ориёӣ маҳсуб ёфта, рамзи бедоршавии табиат, оғози кишту кор ва маънои аз сардӣ ба гармӣ расиданро дорад. Мавсуф бори дигар аз номи Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аҳли кормандонро бо оғози кору дастовардҳои нав, андешаҳои тозаву созанда ва фарорасии ин ҷашни бостонӣ табрику таҳният гуфта, бахту саодат ва шодиву пирӯзиро орзу намуд.

Маълумот: Ҷашни Сада марбут ба замони пеш аз ориёиҳо буда, тибқи устураҳо, дар замони шоҳони асотирии пешдодиён, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазорсола доранд, баргузор мешудааст. Таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада марбут ба Хуршед ва тимсоли он- оташ мебошад. Дар қадим Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман (баробари 30 январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Ба ақидаи ниёгони қадими мо, сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Ҷашни Сада - ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад ва ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку