Таъсиси ташкилоти нави қарзӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ

Бойгонии ахбор
08.02.2018

Таъсиси ташкилоти нави қарзӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2018 мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 14 ва 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонати қарзии хурди “Ардо-капитал” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Мутобиқи иҷозатномаи мазкур ба ҶСП ТАҚХ “Ардо-капитал” барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ, аз қабили ҷалби амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд, кушодани пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ бо фармоиши муштариён, додани кафолат, қарордоҳои форвардӣ ва СВОП барои худ, амалиёти кассавӣ, амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва мубодилавӣ, барориши кортҳои пардохтии бонкӣ ва амалиёт бо онҳо иҷозат дода мешавад.

Қобили қайд аст, ки ҶСП ТАҚХ “Ардо-капитал” дар партави иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар якҷоягӣ бо соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку