Вохӯрӣ бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо

Бойгонии ахбор
08.02.2018

Вохӯрӣ бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо

8 феврали соли 2018 мулоқоти кории Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо мутахассиси бахши идораи молиёти давлатии Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Петер Таскер ва мутахассиси бахши тандурустӣ ҷаноби Алишер Ибрагимов баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо ба вазъи кунунии низоми бонкӣ аҳамият дода, ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба доир ба як қатор масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.

I_1.JPG

Дар ибтидо, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ масъулини Барномаи рушди тандурустии Иттиҳоди Аврупоро бо вазъи кунунии макроиқтисодӣ, низоми бонкӣ ва татбиқи ислоҳот дар соҳа, бахусус дар самти такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, татбиқи сиёсати самараноки монетарӣ, таъмини суботи молиявӣ ва низоми пардохт ошно намуд.

I_2.JPG

Дар навбати худ, масъулини Барномаи рушди тандурустии Иттиҳоди Аврупо изҳор доштанд, ки ташрифи онҳо дар доираи лоиҳаи дастгирии буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад. Мутахассиси бахши идораи молиёти давлатии Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Петер Таскер баъди шиносоӣ бо маълумотҳо қайд намуд, ки новобаста аз буҳрони молиявӣ нишондиҳандиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбатан мусбат ҷамъбаст гардидаанд, ки қобили таҳсин мебошад.

Бояд гуфт, ки дар баробари масъалаҳои зикргардида, ҷонибҳо инчунин вобаста ба масъалаҳои дурнамои макроиқтисодии Бонки миллии Тоҷикистон барои панҷ соли оянда, сиёсати монетарӣ, вазъи бахши молия, пешбиниҳо доир ба қурби пули миллӣ, вазъи захираҳои асъорӣ ва сатҳи ҳамкориҳо бо дигар институтҳои молиявӣ муҳокимаронӣ намуданд.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку