Мулоқоти Сироҷиддин Икромӣ бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши хусусӣ Саид Ахтар Маҳмуд

Бойгонии ахбор
08.02.2018

Мулоқоти Сироҷиддин Икромӣ бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши хусусӣ Саид Ахтар Маҳмуд

8 феврали соли 2018, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо гурӯҳи намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии мутахассиси пешбари Бонки Ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши хусусӣ ҷаноби Саид Ахтар Маҳмуд мулоқоти корӣ анҷом дод.

IS_1.JPG

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ зимни мулоқот гурӯҳи намояндагони Бонки Ҷаҳониро бо вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар, бозори дохилии асъори хориҷӣ, чораҳои андешидаи солимгардонӣ ва ислоҳот дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд.

IS_2.JPG

Мутахассиси пешбари Бонки Ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши хусусӣ ҷаноби Саид Ахтар Маҳмуд дар навбати худ изҳор дошт, ки ҳадаф аз мулоқоти мазкур таҳияи барномаи нави кӯмаки техникӣ ҷиҳати рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зикр гардид, ки зимни таҳияи барнома ба таҳлили барномаҳои давлатӣ ва тақсимоти захираҳое, ки ба рушди бахши хусусӣ мусоидат мекунанд, таваҷҷӯҳ дода шуда, барнома дар заминаи муколама бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ислоҳотҳои сохторӣ ва меъёрӣ дар бахши мазкур таҳия мегардад.

IS_3.JPG

Қобили қайд аст, ки дар мулоқоти мазкур инчунин намояндагони дигари Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла, хонум Мадина Данаева, Марина Шамилова ва роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат доштанд.


Шуъбаи матбуоти БМТ

Возврат к списку