Сатҳи таваррум дар моҳи январи соли 2018 тамоюли тағйирёбии муътадил дошт

Бойгонии ахбор
13.02.2018

Сатҳи таваррум дар моҳи январи соли 2018 тамоюли тағйирёбии муътадил дошт

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи таваррум дар моҳи январи соли ҷорӣ 0,4 фоизро ташкил дод.

Ба таварруми ҳосилшуда асосан болоравии арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 2,9 фоиз таъсир расонид. Аз ҷумла, баландшавии арзиши хизматрасониҳои пулӣ асосан аз ҳисоби қиматшавии мавсимии нархи чиптаи ҳавопаймо (хатсайри байналмилалии Душанбе - Москва) ба андозаи 82,2 фоиз ба амал омадааст.

Инчунин, дар ин давра тағйирёбии нисбатан муътадили нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ ба андозаи 0,1 фоиз ва коҳишёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 0,1 фоиз мушоҳида гардид. Аз молҳои ғайрихӯрокворӣ асосан нархи бензин 1,1 фоиз қимат шудааст. Коҳишёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ бошад, асосан аз ҳисоби арзон шудани нархи орди навъи 1 ба андозаи 1,0 фоиз, нархи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 0,4 фоиз ба вуқӯъ пайваст.

Ҳамин тариқ, саҳми тағйирёбии нархҳои истеъмолӣ дар таварруми моҳи январи соли ҷорӣ чунин арзёбӣ гардид: хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 0,44 банди фоизӣ, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,03 банди фоизӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ -0,06 банди фоизӣ.

Сатҳи таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи январ ба 6,5 фоиз баробар гардида, нисбат ба моҳи декабри соли 2017 0,2 банди фоизӣ поён рафт. Нишондоди мазкур мувофиқ ба ҳадафи мақсадноки муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон 7 (±2%) фоизи солона тағйирёбии муътадил дорад (ниг. ба диаграмма).

Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати пулию қарзии шаффоф ва пайгиронаро амалӣ намуда истодааст, ки он тавассути истифодаи фишангҳои монетарӣ, пеш аз ҳама меъёри бозтамвил барои танзими ҳаҷми пул ҷиҳати бартараф намудани таъсири фишорҳо ба сатҳи нархҳо ва ба ин васила ноил гардидан ба ҳадафи мақсадноки таварум равона мегардад.

Диаграмма: Таварруми солона, бо %

Diag_tavv_sol.JPG

Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд

Возврат к списку