Ба ҶДММ “Суғуртаи асри 21” иҷозатнома дода шуд

Бойгонии ахбор
19.02.2018

Ба ҶДММ “Суғуртаи асри 21” иҷозатнома дода шуд

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16-уми феврали соли 2018 дар асоси моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, инчунин боби 54-и Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғуртаи асри 21” барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ иҷозатнома дода шуд.

Мутобиқи ҳуҷҷати мазкур ба ҶДММ “Суғуртаи асри 21” барои анҷом додани намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ, аз ҷумла, суғуртаи ихтиёрии ҳолатҳои нохуш ва беморӣ, суғуртаи ихтиёрии молу ашё ва суғуртаи ихтиёрии тиббии сайёҳон иҷозат дода мешавад

Ба Идораи назорати суғуртавӣ дастур дода шуд, ки сабти дахлдорро ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид намояд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку