Семинар оид ба раванди амалишавии маблағгузории хурди исломӣ тибқи барномаи VOLIP

Бойгонии ахбор
21.02.2018

Семинар оид ба раванди амалишавии маблағгузории хурди исломӣ тибқи барномаи VOLIP

Имрӯз 21 феврали соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ, ҳамоҳангсози Барномаи VOLIP Исроил Исмоилов, намояндагони ташкилотҳои қарзӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратӣ оид ба рафти корҳо ҷиҳати маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории хурди исломӣ баргузор гардид.

V1.jpg

Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ оғоз бахшида, зикр намуд, ки ҳадаф аз роҳандозии Барномаи VOLIP - паст намудани сатҳи камбизоатӣ тавассути баланд бардоштани маърифати молиявии ҷавонон, ҷалб намудани занҳои беихтисос ба касбу ҳунарҳо, дастгирии молиявӣ ва таъмин намудани онҳо бо ҷои кор ва даромад мебошад.

Сипас, мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон оид ба раванди амалишавии маблағгузории хурди исломӣ тибқи Созишнома оид ба маблағгузорӣ дар доираи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон” маълумот доданд.

Зимни маърӯза қайд гардид, ки барои тезонидани раванди қарздиҳӣ, бо назардошти дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ” ҷиҳати зиёд намудани гурӯҳҳои иловагии мақсадноки қарзгир дар доираи Барномаи VOLIP, баланд бардоштани масъулияти ташкилотҳои қарзӣ, ҳавасманд намудан ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо қарзгирон чораву тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

V3.jpg

Дар рафти семинар ҳамзамон ба иштирокдорон муяссар гардид, ки аз ҷониби намояндагони ташкилотҳои қарзӣ оид ба раванди ташкили қарздиҳӣ, мушкилот ва нақшаҳои оянда дар заминаи принсипҳои маблағгузории хурди исломӣ, ташкили қарздиҳии хурд ва тарзи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба истифодабарандагони Барномаи VOLIP, муаррифии механизм ва ҳуҷҷатҳо барои қарздиҳии хурд тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ, механизми ташкили фаъолияти қарздиҳӣ ва таҳияи биснес-нақшаҳои инфиродӣ, ташкили фаъолияти бонкӣ ҷиҳати қарздиҳии хурди исломӣ дар доираи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон” маълумоти муфассал ба даст биоранд.

Дар қисмати ҷамъбастии семинар ҳамоҳангсози Барномаи VOLIP Исроил Исмоилов нақшаи чорабиниҳоро барои соли 2018 ҷиҳати таъмини татбиқи бомуваффақияти Барномаи мазкур дар заминаи беҳтар намудани раванди қарздиҳии хурд ироа намуд.

V2.jpg

Қобили қайд аст, ки маблағҳои лоиҳаи мазкур тавассути ташкилотҳои қарзии ватанӣ (БДА “Амонатбонк”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”, ҶСК ”Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл”, ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”, ҶДММ ТАҚХ “Арванд”) амалӣ карда мешаванд. Айни ҳол, лоиҳаи Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон (VOLIP) дар 11 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Норак, Сарбанд ва ноҳияҳои Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Хуросон, Муъминобод, Ҳамадонӣ ва Зафаробод амалӣ шуда истодааст.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку