Ҳамоиши “Рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ”

Бойгонии ахбор
22.02.2018

Ҳамоиши “Рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ”

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 21 феврали соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони бонк ҳамоиши васеъ баргузор гардид.

563A6289.JPG

Ҳамоишро сардори идораи кормандони бонк Давлаҳмад Гадоев ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ дар баробари масъалаҳои муҳими соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ба рушди туризм, таблиғи намунаҳои фарҳанги миллӣ ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои фарҳанги таърихӣ, мавқеи геополитикии мусоид, гуногунии манзараҳои табиӣ, олами бойи ҳайвоноту наботот ва ҷомеаи босуботу мардуми меҳмоннавоз барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ имкониятҳои фарох дорад. Яъне эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” агар аз як тараф Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ақсои олам ҳамчун кишвари дорои таъриху табиати нодир муаррифӣ намояд, аз тарафи дигар рушди ҳунарҳои миллӣ, дар баробари беҳтар намудани вазъи иқтисодии аҳолӣ, муаррифгари фарҳанги бостонӣ ва тамаддунофари мардуми кишварамон мегардад”.

563A6294.JPG

Сипас, сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи Роҳбарияти БМТ, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов дар назди иштирокдорон вобаста тарғибу ташвиқи ҷаҳонгардӣ дар адабиёти классикӣ ва имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар қаламрави Тоҷикистон маърӯза намуд. Зикр гардид, ки табиати нодиру зебо ва ёдгориҳои таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини гардиши сайёҳони хориҷӣ, рушд додани туризми кӯҳию кӯҳнавардӣ, экологӣ, таърихӣ, таълимӣ ва туризми этнографӣ имкониятҳои фаровон дорад.

Сардори идораи омор ва тавозуни пардохт Бахтиёр Баҳриддинов дар навбати худ зимни суханронӣ қайд намуд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ нақши муҳим доранд. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ ширкатҳои сайёҳии зиёд фаъолият дошта, ҷиҳати тақвият бахшидан ба фазои ҳуқуқии рушди соҳа, ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ворид шуда истодааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки имрӯз таваҷҷуҳи давлат ба рушди соҳа бештар гардида, соҳаи сайёҳӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад.

563A6302.JPG

Дар рафти ҳамоиш таъкид гардид, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии кишвар тавсия дода шудааст, ки бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, ҷиҳати ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз рӯи имкониятҳои молиявии ҷойдошта ба соҳибкорон ва ҳунармандон қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон, барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолӣ ва меҳмонони хориҷӣ ба ташкилотҳои қарзӣ супориш дода шудааст, ки шумораи марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ ва таҷҳизоти автоматии худкори қобилияти анҷомдиҳии амалиёти мубодилавидоштаро дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва гузаргоҳҳои гумрукӣ, махсусан дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст ва Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон бештар намуда, фаъолияти самараноки онҳоро ба роҳ монанд.

563A6277.JPG

Дар қисмати хотимавӣ, ташаббускорони чорабинӣ ва иштирокдорон бо дарки баланди масъулият, ҷамъомадро бо овардани иқтибос аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад” ҷамъбаст намуданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку