Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи январи соли 2018

Бойгонии ахбор
23.02.2018

Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи январи соли 2018

Тибқи маълумоти омори расмӣ сатҳи таваррум дар моҳи январи соли ҷорӣ 0,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли қаблӣ (2017) ба андозаи 0,2 банди фоизӣ (б.ф.) кам мебошад.

Сатҳи таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи январ то 6,5 фоиз аз 6,7 фоизи моҳи декабри соли 2017 поён рафт. Нишондоди мазкур мувофиқ ба ҳадафи мақсадноки муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон 7 (±2%) фоизи солона тағйирёбии муайян дорад (ниг. ба диаграмма).

Саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ҳиссаи он дар сабади истеъмолии таваррум 57,8 фоизро ташкил медиҳад, дар таварруми солона 4,1 б.ф., маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,2 б.ф. ва хизматрасониҳо 1,2 б.ф.-ро ташкил намуд.

Пуёи тағйирёбии намояи нархҳои истеъмолӣ нишон медиҳад, ки тағйирёбии маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ дар таварруми ҳосилшуда тамоюли муътадилро идома дод.

Дар сохтори тағйирёбии нисбии сатҳи таваррум таъсири омилҳои кӯтоҳмуддати ғайримонетарӣ, аз ҷумла омили мавсимӣ аз ҳисоби афзоиши нарху тарифаҳои хизматрасонии маъмурӣ асосӣ буданд.

Дар баробари омилҳои болозикр дар моҳи баррасишаванда сатҳи муътадилии талаботи дохилӣ, вазъи боэътидолии бозори дохилии асъор ва қурби асъор ба авҷ наёфтани интизориҳои таваррумӣ мусоидат намуд.

Бо дарназардошти вазъи ҷорӣ ва маҳдуд боқӣ мондани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ, интизор меравад, ки дар ниммаи аввали соли ҷорӣ сатҳи таварруми солона то андозае коҳиш ёфта, дар интиҳои сол ба сатҳи нишондиҳандаи мақсадноки пешбинишуда бармегардад.

Маълумоти бештар


Возврат к списку