Баррасии масъалаҳо оид ба таъмини ҳифзи иттилоот дар низомҳои иттилоотӣ

Бойгонии ахбор
26.02.2018

Баррасии масъалаҳо оид ба таъмини ҳифзи иттилоот дар низомҳои иттилоотӣ

Вобаста ба масъалаҳои ҳифзи иттилооту сертификатсиякунонии таҷҳизоти техникӣ ва таъминоти барномавӣ 26 феврали соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони КВД “Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза” ва кормандони масъули ташкилотҳои қарзӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

IMG_5299.JPG

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода дар оғози ҷаласа зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур – баррасии масъалаҳо оид ба таъмини ҳифзи иттилоот дар низомҳои иттилоотӣ, хусусан хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, аз қабили “Интернет банкинг” ва “Мобайл банкинг”, мутобиқшавӣ ба талаботҳо ва стандартҳои миллӣ, иҷро намудан ва риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи имзои электронии рақамӣ” ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии қабулшуда буда, ҳамзамон вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳифзи иттилооти хусусияти сирри бонкидошта таклифу пешниҳодҳо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод мешаванд.

Дар рафти ҷаласа инчунин масъалаҳо вобаста ба истифодаи имзои электронии рақамӣ, сертификатсияи он, сертификатсияи таҷҳизот, ҳаққи хизматрасонӣ барои гузаштани сертификатсия, дастрас намудани рӯйхати маълумотҳое, ки бояд ҳифз шаванд, номгӯи таҷҳизоти техникӣ ва таъминоти барномавие, ки бояд аз сертификатсия гузаронида шаванд, муҳокима гардида, ба саволҳои иштирокдорон аз ҷониби намояндагони КВД “Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза” посухҳои мушаххас дода шуданд.

IMG_5326.JPG

Дар қисмати хотимавии ҷаласа Муовини Раиси БМТ Ҳамидулло Машрабзода таъкид намуд, ки омӯзиши дурусти масъалаҳои ҷаласа ва риояи тартибу талаботҳои зикргардида аз ҷониби иштирокдорон метавонад дар самти ҳифзи иттилоот ва пешгирии берунрафти иттилоот дар ташкилотҳои қарзӣ мусоидат намояд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку