Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мавриди баррасӣ қарор дода шуд

Бойгонии ахбор
27.02.2018

Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мавриди баррасӣ қарор дода шуд

27 феврали соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба риояи тартибу муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони бонк ҷаласаи васеъ баргузор гардид.

563A6564.JPG

Зимни ҷамъомад аз ҷониби ташаббускорони чорабинӣ қайд гардид, ки мақсад аз қабули қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон мебошад.

Аз ҷумла, сардори идораи кормандони бонк Давлаҳмад Гадоев вобаста ба нақшу уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, ба камол расонидани фарзандони солим, ватандӯст, худогоҳу худшинос, соҳибмаърифату донишманд ва баору номус ибрози назар намуда, дар бораи зарурат ва аҳамияти қонуни номбурда дар ҷомеа маърӯза намуд.

563A6542.JPG

Дар тақвияти гуфтаҳои зикршуда сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи Роҳбарияти БМТ, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов таваҷҷуҳи иштирокдоронро вобаста ба вазифаҳои волидайн, омӯзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд бо овардани мисолҳо аз адабиёти классику муосир ҷалб намуда, иброз дошт, ки “қабули қонуни мазкур ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон, ба хусус дар шароити пуртазоди муосир масъулияти бештарро эҳсос намоем”.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку