Мулоқоти Сироҷиддин Икромӣ бо намояндагони Бонки рушди Авросиё

Бойгонии ахбор
28.02.2018

Мулоқоти Сироҷиддин Икромӣ бо намояндагони Бонки рушди Авросиё

28 феврали соли 2018 муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо намояндагони Бонки рушди Авросиё – директори идораи дороиҳо ва уҳдадориҳои Бонки рушди Авросиё Дмитрий Ладиков-Роев, директори намояндагии Бонки рушди Авросиё дар Тоҷикистон Рашид Қодиров ва иқтисодчии Гурӯҳи Бонки рушди Авросиё Айгул Бердигулова мулоқоти корӣ анҷом дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба бо назардошти имкониятҳои мавҷуда доир ба як қатор масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.

563A6591.JPG

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар баробари зикри нишондиҳандаҳои молиявӣ, оид ба самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои ҳамкории Бонки рушди Авросиё бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори назар намуд.

563A6599.JPG

Дар навбати худ, намояндагони Бонки рушди Авросиё аз тавсеа ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти низоми бонкӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки ҳадаф аз ташрифи ҳайати мазкур - ба роҳ мондани истифодаи асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои тарафайн, татбиқи муносибатҳои муросилотӣ дар самти кушодани ҳисобҳои муросилотӣ ва баррасии дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ миёни Бонки рушди Авросиё ва Бонки миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

563A6571.JPG

Муовини Раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ дар идомаи мулоқот зикр намуд, ки таклифу пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои зикршуда ва гузариш ба сатҳи нави ҳамкориҳо дар самти дастгирии низоми бонкии кишвар мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода мешаванд.
Қобили қайд аст, ки мулоқоти мазкур дар фазои хуби ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, дар баробари масъалаҳои зикргардида, ҷонибҳо инчунин вобаста ба дигар масъалаҳои рушди иқтисод ва низоми бонкӣ муҳокимаронӣ намуданд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку