Эълони ОЗМУН

Бойгонии ахбор
07.03.2018

Эълони ОЗМУН

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Идораи омор ва тавозуни пардохт

I
Сармутахассиси шуъбаи омор (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё риёзӣ ;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 3 сол;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ на камтар аз 3 сол (Oracle, MS SQL ва дигарҳо);
  • донистани забонҳои барномасозӣ Java, C#, PHP, Javascript, Python ва дигарҳо;
  • донистани бахши молиявӣ/ҳисобдорӣ;
  • қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
  •  донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.


II
Сармутахассиси шуъбаи мавқеи сармоягузориҳои
байналмилалӣ ва қарзи беруна (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё риёзӣ ;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 3 сол;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ на камтар аз 3 сол (Oracle, MS SQL ва дигарҳо);
  • донистани забонҳои барномасозӣ Java, C#, PHP, Javascript, Python ва дигарҳо;
  • донистани бахши молиявӣ/ҳисобдорӣ;
  • қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.


III
Идораи низоми пардохт


Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳлил ва рушди хизматрасониҳои

молиявии рақамӣ (1 ҷой)



Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё техникӣ;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 3 сол;
  • таҷрибаи корӣ дар соҳаи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ, донистани раванди технологии пардохтии бонкӣ (хизматрасонии фосилавии бонкӣ/тиҷорати электронӣ/ эмиссия/эквайринг) на камтар аз 3 сол;
  • дониши кофӣ оид ба хусусиятҳои фаъолияти низомҳои интиқоли маблағҳо ва низомҳои пардохтӣ (Visa int, Mastercard, Unionpay, Western Union ва дигарҳо);
  • донистани қоида ва талаботҳои низомҳои пардохтӣ;
  • донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
  • малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо) ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  •  расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:


  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 20.03 с.2018

Шуъбаи матбуоти БМТ

Возврат к списку