Бонувони волейболбози БМТ соҳиби медалҳои биринҷии Ҷоми “Раиси шаҳри Душанбе” гардиданд

Бойгонии ахбор
07.03.2018

Бонувони волейболбози БМТ соҳиби медалҳои биринҷии Ҷоми “Раиси шаҳри Душанбе” гардиданд

6 марти соли 2018 дар арафаи ҷашни Рӯзи модар мусобиқаи волейбол байни бонувони вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми “Раиси шаҳри Душанбе” анҷом ёфт.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 6-уми январ то 6-уми марти соли равон идома дошта, дастаи бонувони Бонки миллии Тоҷикистон баъди рақобатҳои ҷолибу шавқовар миёни 26 дастаи бонувони волейболбоз соҳиби ҷои сеюми мусобиқа гардиданд.

V_1a.JPG

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинзода Мавсума Муинӣ қайд намуд, ки ҳадаф аз ташкили мусобиқаи мазкур ҷалб намудани таваҷҷӯҳи бонувон ба намудҳои гуногуни варзиш ва таблиғи ҳаёти солим буда, баргузории он дар таҳкими дӯстиву рафоқат миёни кормандони вазорату идораҳо мусоидат хоҳад намуд.

Сипас, ғолибони мусобиқа аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалу диплом ва тӯҳфаҳои моливу пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

V_1.JPG

Қобили қайд аст, ки шарафи Бонки миллии Тоҷикистонро дар сабқати мазкур бонувони зерин: Нигина Қурбоналиева, Мавҷуда Ҳасанова, Саодат Ибрагимова, Ҳомия Туфонова, Ибодат Холмуродова, Дилшода Нигмонова, Шаҳноза Саидшарипова, Фарзона Нуруллоева, Нигора Икромова, Махфират Нурова ва Ҷамнура Давлатова ҳимоя намуданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку