Иттилооти дарҷгардида воқеати ҳолро дуруст инъикос намекунад

Бойгонии ахбор
09.03.2018

Иттилооти дарҷгардида воқеати ҳолро дуруст инъикос намекунад

Посух ба мақолаи хабарнигори “Озодӣ” Муллораҷаб Юсуфӣ “Терминалҳо боз аз кор мемонанд?” (аз 5 марти соли 2018)

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, ки санаи 2 марти соли 2017 мавриди амал қарор гирифтааст, операторони низомҳои пардохтие, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд, то 2 марти соли 2018 бояд аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро мегирифтанд.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мактуби худ аз 10 ноябри соли 2017 ташкилотҳои қарзии ватаниро огоҳ намуда буд, ки ҳангоми ҳамкорӣ бо низомҳои пардохтӣ, аз ҷумла, низомҳои пардохтии байналмилалӣ, ин талаботи қонунро ба инобат гиранд. Ҳангоми саривақт нагирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ, фаъолияти чунин операторони низоми пардохтӣ дар қаламрави кишвар ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад.

То имрӯз аксарияти операторони низомҳои пардохтӣ, аз он ҷумла, низомҳои пардохтии байналмилалӣ (аз қабили, Visa int, Mastercard, UnionPay, Western Union, Золотая Корона, Лидер, Юнистрим ва дигарҳо), ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Айни ҳол, раванди баррасии ҳуҷҷатҳои низомҳои пардохтӣ амалӣ гардида истодааст. Дар раванди баррасии ҳуҷҷатҳо номукаммалӣ ва нопуррагии ҳуҷҷатҳои баъзе операторони низомҳои пардохтӣ муайян гардида, аз операторони низомҳои пардохтӣ бартараф кардани камбудиҳо ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои мукаммал талаб карда мешавад.

Бартараф кардани камбудиҳо ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои мукаммал вақти муайянро талаб менамояд. Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон бо ирсоли мактуб аз 28 феврали соли 2018, аз операторони низомҳои пардохтие, ки то ҳол ҳуҷҷатҳои пурраро барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод накардаанд, талаб намуд, ки то 28 марти соли 2018 ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани иҷозатнома ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Айни замон, дар фаъолияти низомҳои пардохтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ягон маҳдудият гузошта нашудааст. Тавре қайд гардид, аксарияти операторони низомҳои пардохтӣ ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намуда, баъди гирифтани иҷозатнома фаъолияти худро дар реҷаи муқаррарӣ идома дода истодаанд.

Ба ширкатҳои тиҷоратие, ки тавассути терминалҳои худкори худхизматрасон бо қабули пардохтҳо машғуланд, қонуни дар боло зикргардида имкон медиҳад, ки ширкатҳо бо ташкилотҳои қарзӣ шартнома баста, ҳамчун агентҳои бонкии пардохтӣ фаъолияти худро идома диҳанд. Ширкатҳои тиҷоратие, ки ҳамчун агентҳои бонкии пардохтӣ амал мекунанд, иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро намегиранд. Барои ин, ширкатҳои мазкурро лозим аст, ки бо ташкилоти қарзӣ шартнома баста, тибқи талаботҳои дар қонун ва санадҳои меёърӣ муқаррагардида, ҳамчун агентҳои бонкии пардохтӣ фаъолияти худро идома диҳанд.

Дар робита ба ин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо иштирокдорони бозори хизматрасониҳои пардохтӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истода, риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тамоми иштирокдорони бозори хизматрасониҳои пардохтӣ талаб карда мешавад.

Шуъбаи матбуоти БМТ



Возврат к списку