Шарҳи мухтасари таваррум дар моҳи феврали соли 2018

Бойгонии ахбор
14.03.2018

Шарҳи мухтасари таваррум дар моҳи феврали соли 2018

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи таваррум дар моҳи феврали соли 2018 бо нишондиҳандаи манфӣ ҷамъбаст гардида, ба -0,1 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли қаблӣ ба андозаи 1,2 банди фоизӣ кам мебошад.

Ба таварруми ҳосилшуда асосан коҳишёбии нархи молҳои хӯрокворӣ ва арзиши хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 0,2 фоизӣ таъсир расониданд. Нархи молҳои ғайрихӯрокворӣ бошад ба андозаи 0,1 фоиз қимат шудааст.

Сатҳи таварруми солона бошад (дар 12 моҳи охир), дар моҳи феврал ба 5,2 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба моҳи қаблӣ ба андозаи 1,3 банди фоизӣ кам мебошад.

Шарҳи бештар: Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи феврали соли 2018



Возврат к списку