Вохӯрии Ҷамолиддин Нуралиев бо Нил Маккейн

Бойгонии ахбор
16.03.2018

Вохӯрии Ҷамолиддин Нуралиев бо Нил Маккейн

16 марти соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Мудири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Ҷамолиддин Нуралиев бо Директори минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Осиёи Марказӣ Нил Маккейн баргузор гардид.

563A8029.JPG

Зимни мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев барои ҳамкориҳои зич бо БАТР изҳори миннатдорӣ баён намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла, саҳмгузорӣ дар ҷалби маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва саноатӣ, рушди низоми бонкӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ даъват ба амал овард.

563A8032-2.JPG

Дар навбати худ Директори минтақавии БАТР дар Осиёи Марказӣ Нил Маккейн ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба омодагии худро изҳор карда, баҳри татбиқ намудани лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд.

563A8020.JPG

Мавриди зикр аст, ки дар вохӯрии мазкур инчунин роҳбари намояндагии доимии БАТР дар Тоҷикистон Айтен Рустамова, мутахассиси кор бо институтҳои молиявии намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Юсупов ва сардори Идораи муносибатҳои байналмилалии БМТ Фарҳод Билолов ширкат доштанд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку