Баргузории чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

Бойгонии ахбор
19.03.2018

Баргузории чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

Дар робита ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018, таърихи 17 марти соли 2018 бо ташаббуси Шӯрои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

563A8645.JPG

Дар чорабинии мазкур, аз ҷониби намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар дар баробари эълони ҷойҳои кории холӣ, инчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва намудҳои хизматрасониҳои молиявӣ барои сайёҳон ва соҳибкорон муаррифӣ гардид. Аз ҷумла, хаймаҳо бо нишонии ташкилотҳои қарзӣ ва рамзи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, банеру овеза ва буклету маводҳои тарғиботӣ бо номгӯйи хизматрасониҳои барои рушди соҳа мусоид, инчунин бо оростани хони ҳафт сину ҳафт шини наврӯзӣ ба тамошобинон манзур гардонида шуд.

563A8620.JPG

Дар робита ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини рақобати солим байни ташкилотҳои қарзӣ ва паст намудани фоизи қарз, бархе аз ташкилотҳои қарзии кишвар барои дастгирии соҳибкории хурду миёна ба муштариён хизматрасониҳои имтиёзноки қарзии худро муаррифӣ намуданд. Дар чорабинии мазкур, дар баробари ташкилотҳои қарзӣ ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” низ ширкат варзида, хизматрасониҳои худро манзури тамошобинон намуд.

563A8740.JPG

Чорабинии фарҳангӣ-фароғатии мазкурро садҳо нафар шаҳрвандон дидан намуда, вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҷойҳои кории холӣ маълумоти муфассал гирифтанд. Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, аз ҷониби меҳмонон ва тамошобинон хуб қабул гардид.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку