Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ қадрдонӣ гардиданд

Бойгонии ахбор
09.04.2018

Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ қадрдонӣ гардиданд

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар байни воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ оид ба волейбол ва тенниси рӯи миз доир гардид, ки ҷамъбасти он 9 апрели соли 2018 аз ҷониби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода эълон ва ғолибон қадрдонӣ карда шуд. Ғолибони мусобиқа бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

IMG_8158-1.jpg

Дар мусобиқаи волейбол дастаҳои воҳидҳои сохторӣ фаъолона иштирок намуда, бо бозиҳои рангину шавқовари худ ба мухлисони ин намуди варзиш фараҳмандӣ оварданд. Дар натиҷа, дастаҳои пурқувваттарини бонк ба даври финалӣ роҳ ёфта, дастаи Дастгоҳи Роҳбарияти БМТ таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси БМТ Нуралиев Ҷ.К. соҳиби ҷойи аввал, дастаи Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор ҷойи дуюм ва дастаи Департаменти назорати бонкӣ мавқеи сеюми мусобиқаро гирифтанд.

IMG_8131.jpg

Мусобиқаи теннис дар ду бахши алоҳида, барои мардон ва барои занон баргузор гардида, бо иштироки фаъоли кормандон бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

Дар сабқати гурӯҳи бонувон ҷойи аввалро мутахассиси дараҷаи 1 Департаменти мониторинги молиявӣ Саидшарипова Шаҳноза, ҷойи дуюмро директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ Накатова Моҳбону ва ҷойи сеюмро мутахассиси дараҷаи 2 Идораи омор ва тавозуни пардохт Мирзоева Санифамоҳ соҳиб гардиданд.

IMG_8151-3.jpg

Дар мусобиқаи гурӯҳи мардон , ҷойи аввалро бозраси дараҷаи 2 Департаменти назорати бонкӣ Саидов Саидҷон, ҷойи дуюмро мутахассиси дараҷаи 2 Идораи муносибатҳои байналмилалӣ Камолиён Шаҳбоз ва ҷойи сеюмро сардори шуъбаи дастгирии ҳуқуқии Департаменти мониторинги молиявӣ Каримов Шерафган ишғол намуданд.

Қобили қайд аст, ки мусобиқаи мазкур пайваста рӯзҳои истироҳат дар варзишгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила ҷалби бештар ба машғулиятҳои ҷисмонӣ, намудҳои гуногуни варзиш ва мустаҳкам намудани саломатӣ маҳсуб меёбад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку