Ташрифи сармоягузорони бонуфузи институтсионалӣ дар ҳайати Бонки амрикоии “Меррил Линч” ва фондҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske ба ҶСК “НБО Роғун”

Бойгонии ахбор
10.04.2018

Ташрифи сармоягузорони бонуфузи институтсионалӣ дар ҳайати Бонки амрикоии “Меррил Линч” ва фондҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske ба ҶСК “НБО Роғун”

9 апрели соли 2018 Сармоягузорони институтсионалӣ дар Ҳайати Бонки Амрикоии “Меррил Линч” ва фондҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske бо мақсади шиносоӣ бо вазъи макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла низоми бонкии кишвар ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар доираи ташрифи худ ба Бонки миллии Тоҷикистон Ҳайати бонуфузи сармоягузорон дар баробари шиносоӣ бо вазъи макроиқтисодии кишвар, ба ҶСК “НБО Роғун” ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ сафар карданд.

563A17528-11.jpg

Дар сафар ба ҶСК “НБО Роғун” Ҳайати бонуфузи сармоягузорони институтсионалиро Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ҳамроҳӣ кард.

563A1448-2.JPG

Гурӯҳи бонуфузи Бонки Амрикоии “Меррил Линч” ва фондҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske-ро дар шаҳри Роғун Директори генералии ҶСК “НБО Роғун” Хайрулло Сафарзода пешвоз гирифта, дар бораи сохтмони иншооти бузурги аср дар Тоҷикистон ва корҳои дар ин самт анҷомшуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

563A1862-3.JPG

Х.Сафарзода оид ба оғози таърихи бунёди лоиҳаи мазкур, рафти татбиқи лоиҳа ва нақшаҳои минбаъда муаррифии мушаххас пешниҳод намуд. Бо хотима ёфтани муаррифӣ муколамаи пурмуҳтаво доир гардид ва меҳмонон ба суолҳои худ оид ба бехатарии лоиҳа, бартарияти он ва баҳрабардории молиявӣ ва иқтисодӣ дар минтақа посух гирифтанд.

563A1923-4.JPG

Сипас, Ҳайати сармоягузорони институтсионалӣ ба иншоотҳои алоҳидаи НБО Роғун, аз ҷумла майдончаи назоратии № 1; пешдарғот ва садди навбати аввали нақби сохтмонии қабати сеюм, маҷмааи тақсимкунии пӯшидаи элегавӣ, толори мошинҳо ва нақбҳои нақлиётӣ дидан карданд.

563A2017-5.JPG

Оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар ин иншоотҳо директори истеҳсолии ҶСК НБО “Роғун” Анвар Раҳмонов ахборот дод. Ҳайати мазкур аз иншооти НБО Роғун таассуроти баланд бардошта, барои имконияти ташрифи такрорӣ ба ин иншооти бузурги аср изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

563A2043-6.JPG

Бояд гуфт, ки Ҳайати Бонки амрикоии “Меррил Линч” ва фондҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske харидорони фаъоли вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Евробондҳо) буда, таҳти идораи худ фондҳои бузургтарини сармоягузории ҷаҳониро дар ихтиёр доранд.

563A1990-7.JPG

Ҳайати Бонки Амрикоии “Меррил Линч” дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани як қатор мулоқотҳоро бо намояндагони Вазорати молия, намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ, ХБА ва Сафорати ИМА дар ш. Душанбе ба нақша гирифтаанд.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку