Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса Ясмин Гуэдар

Бойгонии ахбор
10.04.2018

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса Ясмин Гуэдар

10 апрели соли 2018 вохӯрии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуэдар сурат гирифт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар низоми молиявӣ, аз ҷумла низоми бонкӣ, инчунин густариш ёфтани муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса дар самтҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро баррасӣ намуданд.

563A2119.JPG

Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев дар хусуси тавсеа бахшидани ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Фаронса, табодули таҷрибаи мутахассиони ду кишвар дар низоми бонкӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати таъсиси намояндагиҳои бонкҳои тиҷоратии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кард.

563A2114.JPG

Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуэдар дар навбати худ аз таҷрибаи ҳамкории шарикӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Фаронса, ки қаблан дар доираи Шартномаи ҳамкорӣ (1999-2007) хеле хуб ба роҳ монда шуда буд, хотиррасон шуд. Хонум Ясмин Гуэдар барои барқарор кардани ҳамкорӣ дар бахши бонкӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд ва изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Фаронса барои ҷавонон барномаҳои махсус дорад, ки дар он мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон низ метавонанд ширкат варзида, бо истифода аз таҷрибаи бардошта дар рушди низоми бонкӣ саҳми худро гузоранд.

563A2127.JPG

Дар ҷамъбаст, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз вусъат бахшидани ҳамкорӣ ва таваҷҷуҳи Хонум Ясмин Гуэдар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, пешниҳоду таклифҳои ӯро ҷиҳати такмили мутахассисони ҷавон дар Фаронса ва қабули мутахассисони низоми бонкии Фаронса дар Бонки миллии Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфт.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку