Баргузории ҷаласаи 13-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои аъзои ИДМ

Бойгонии ахбор
10.04.2018

Баргузории ҷаласаи 13-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои аъзои ИДМ

5-6 апрели соли 2018 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи 13-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил доир гашт.

Ҷаласаро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфт. Зимни суханронӣ Ҳамидулло Машрабзода аз саҳми соҳаи суғурта дар бахши молиявӣ ва мавқеи он дар давлатҳои узви ИДМ махсусан қайд карда, ба иштирокчиёни ҷаласа фаъолияти самарабахш таманно намуд.

DSC_0025-1.JPG

Дар идомаи ҷаласа муовини директори Департаменти бозори суғуртаи Бонки Русия Светлана Никитина ба сухан баромада, оид ба бозори суғурта дар Федератсияи Русия ба ҳозирин маълумот манзур намуд ва роҳбарии ҷаласаро ба уҳда гирифт.

DSC_0036-2.JPG

Дар рафти ҷаласаи дурӯза иштирокдорон вобаста ба масоили ҳамкорӣ дар бозори суғурта дар доираи давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баромад ва муҳокимаҳо намуданд. Зимни ҷаласа инчунин масъалаҳои марбут ба суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт ва масъалаи пешгирии ҳаннотӣ дар бозори суғуртаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавриди муҳокимаи ҳаматарафа қарор гирифтанд.

DSC_0048-3.JPG

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби иштирокдорон инчунин лоиҳаи Созишнома оид ба тартиби амалӣ намудани ҳуҷҷатгузории электронӣ байни давлатҳо ва ворид намудани маълумотҳо ба сомонаи ягонаи бахши суғуртаи давлатҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

DSC_0019-4.JPG

Яке аз масъалаҳои калидии ҷаласа - интихоб намудани Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил маҳсуб меёфт, ки ба он номзадии Габуния Филипп (Бонки марказии Русия) пешниҳод ва аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозӣ тасдиқ карда шуд.

Бояд қайд кард, ки дар ҷаласаи 13-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои аъзои ИДМ намояндагони роҳбарикунандаи бахши суғуртаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Русия, инчунин роҳбарони ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ ширкат варзиданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку