Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзии ватанӣ имкониятҳои барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкиро баррасӣ менамоянд

Бойгонии ахбор
11.04.2018

Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзии ватанӣ имкониятҳои барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкиро баррасӣ менамоянд

Имрӯз, 11 апрели соли 2018 дар БМТ бо мақсади омодагии ҳаматарафа ва масъалаҳои вобаста ба ширкат дар семинари сатҳи баланд дар мавзӯи “Қатъ гардидани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар мамлакатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ “, ки аз тарафи Хазинаи байналмилалии асъор 18 апрели соли 2018 дар доираи ҷаласаҳои баҳории ХБА дар шаҳри Вашингтон доир мегардад, таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев маҷлиси корӣ гузаронида шуд.

563A2704.JPG

Қайд кардан зарур аст, ки чорабинии мазкур дар натиҷаи дархостҳои чандинкаратаи Бонки миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.Дар оғози вохӯрӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳайати иштирокдорон барои омодагии ҳаматарафа ҳангомииштирок дар семинари мазкур, аз ҷумла омода намудани муаррифномаҳоитартиб ва раванди назорати дохилӣ дар ташкилот, маълумотҳои таблиғотии ташкилот, баромаду муаррифиномаҳо вобаста ба сессияҳои семинар ва ғайра даъват ба амал овард.

Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди низоми бонкӣ, барқарор ва вусъат бахшидани муносибатҳои муросилотии байнибонкӣбо кишварҳои хориҷи дуру наздик, баҳри иштироки ташкилотҳои қарзии ватанӣ дар чорабинии сатҳи баланд мусоидат менамояд.

563A2609.JPG

Cипас, сардори Идораи муносибатҳои байналмилалии БМТ Фарҳод Билолов оид ба кори семинар, рӯзнома ва фаъолияти иштирокдорони он ба ҳозирин муаррифиномаи муфассал манзур намуд. Дар идома, “Оид ба пурзӯр намудани муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм, маблағгузории силоҳи қатли ом” (МҚД/МТ СҚО) директори Департаменти мониторинги молиявӣ Файзулло Файзуллозода муаррифии пурмуҳтаво пешниҳоди ҳозирин гардонид.

Намояндагони ташкилотҳои қарзӣ дар навбати худ оид ба масъалаҳои семинар бо суолу пешниҳодҳо баромад карда, зимни муҳокимаронӣ ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

563A2291.JPG

Бояд қайд кард, ки дар семинари “Қатъ гардидани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар мамлакатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ“ Роҳбарияти Бонкии миллии Тоҷикистон ва як қатор роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ ширкат варзида, оид ба тамоюлҳои баъди қатъ шудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ ва масъалаи табодули таҷриба дар таҳия ва қабули қарорҳоро баррасӣ хоҳанд кард.

Шуъбаи матбуоти БМТ аз натиҷаҳои сафари ҳайати бонкдорони кишвар ва иштирок дар семинари зикршуда иловатан ахбороти муффасал пешниҳод хоҳад кард.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку