Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи марти соли 2018

Бойгонии ахбор
13.04.2018

Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи марти соли 2018

Дар моҳи марти соли ҷорӣ сатҳи таваррум ба монанди моҳи қаблӣ тамоюли коҳишёбиро идома дода, бо нишондиҳандаи манфӣ -1,0 фоиз ҷамъбаст гардид. Вобаста ба ин, таварруми солона дар моҳи март нисбат ба моҳи феврал ба таври назаррас ба андозаи 2,7 банди фоизӣ (б.ф.) коҳиш ёфта, 2,5 фоизро ташкил дод.

Ба таварруми ҳосилшуда дар ин моҳ асосан коҳишёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ (-2,0 % м/м ё 1,1% с/с) таъсир расонид. Дар баробари ин, афзоиши нархи молҳои ғайрихӯрокворӣ (0,1% м/м ё 4,0% с/с) ва хизматрасониҳо (0,4% м/м ё 5,0% с/с) муътадил буд.

Дар маҷмӯъ раванди мазкури таваррум ғайричашмдошт набуд. Аммо бо вуҷуди ин, дар ин давра таваррум нисбат ба сатҳи дурнамои интизоршаванда ва ҳадафи мақсаднок тамоили пасттарро бештар аз ҳисоби арзоншавии нархи маҳсулоти серистеъмоли аҳолӣ инъикос намуд.

Тибқи таҳлилҳо омилҳои асосии таъсиррасон, ки боиси коҳишёбии назарраси таварруми солона гардиданд, бо назардошти “эффекти базавӣ” ба омилҳои зерин алоқамандӣ дорад. Ба он пеш аз ҳама омили пешниҳодот, аз ҷумла афзоиши истеҳсолу таклифоти гурӯҳи маҳсулоти хӯрокворӣ ва муътадилии сатҳи талаботу истеъмолоти дохилии он, инчунин тағйиру иловаҳои охирин ба қонунгузорӣ ки бевосита ба мувозинатии бозори истеъмолии хӯрокворӣ мусоидат кард, дохил мешаванд. Илова бар ин, вазъи муътадили нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла истеҳсол ва пешниҳоди он дар минтақа фишорҳои иловагиро ба сатҳи нархҳои дохилӣ бартараф кард.

Дар навбати худ, вазъи муътадили бозори дохилии асъор ва қурби пули миллӣ якҷоя бо татбиқи сиёсати пайгиронаи монетарӣ низ барои коҳишёбии интизориҳои таваррумии аҳолӣмусоидат намуд.

Маълумоти бештар 


Возврат к списку