Ба операторони низоми пардохтӣ иҷозатнома дода шуд

Бойгонии ахбор
16.04.2018

Ба операторони низоми пардохтӣ иҷозатнома дода шуд

Бо қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба БДА ҶТ “Амонатбонк” (Низоми пардохти “Корти миллӣ”), Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти қарзии ғайрибонкии “Вестерн Юнион ДП Восток” (Низоми пардохти “Вестерн Юнион”), Виза Интернешнл Сервис Эсосиейшн ва Мастеркард Европа СА барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ба муҳлати 3 (се) сол иҷозатнома дода шуд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” операторони низомҳои пардохтӣ то 2 марти соли 2018 ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намуда, бояд иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро мегирифтанд. Ҳиссаи зиёди низомҳои пардохтӣ ҳуҷҷатҳои худро дар моҳҳои январ-феврали соли 2018 пешниҳод намуданд. Қайд кардан зарур аст, ки ҳуҷҷатҳо бо тартиби навбатнокии воридшавӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории дахлдори БМТ баррасӣ гардида, дар давраи баррасии ҳуҷҷатҳо фаъолияти низомҳои пардохтӣ маҳдуд карда намешавад.

Айни замон талаботҳо барои фаъолияти операторони низомҳои пардохтӣ, гирифтани иҷозатнома ва тартиб бозхонди он муқаррар карда шудааст. Операторони низомҳои пардохтие, ки иҷозатномаи фаъолияти оператори низоми пардохтиро мегаранд, уҳдадор гардидаанд, ки талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, қонунҳои дигар ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистонро риоя намоянд.

Маълумот оид ба операторони низомҳои пардохтие, ки иҷозатномаи фаъолияти оператори низоми пардохтиро гирифтаанд, ба Феҳристи операторони низоми пардохтӣ ворид карда мешавад. Шакли электронии Феҳристи операторони низоми пардохтӣ дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон www.nbt.tj дастрас мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки ташкилотҳои қарзӣ ва операторони низомҳои пардохтӣ ҳангоми пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтӣ, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ бояд муқаррароти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ва “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом”-ро риоя намоянд. Ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми ҳамкорӣ намудан бо низомҳои пардохтии байналмилалӣ ва платформаҳои пардохтии хориҷӣ талаботҳои санадҳои меёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистонро вобаста ба мушаххас намудани шахсияти муштарӣ – шахси воқеӣ ба инобат гирифта, ба амалиётҳои ғайриқонунӣ ва шубҳанок бояд роҳ надиҳанд. Инчунин, қайд кардан зарур аст, ки танҳо таҳвилгари хизматрасонии пардохтие, ки ташкилоти қарзӣ мебошад, ҳуқуқи анҷом додани амалиёти интиқоли маблағҳои электрониро дорад.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку