Дурнамои ҳамкорӣ: Вохӯрии Ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо Ширкати консалтингии "NAVIGANT"

Бойгонии ахбор
18.04.2018

Дурнамои ҳамкорӣ: Вохӯрии Ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо Ширкати консалтингии "NAVIGANT"

17 апрели соли 2018 дар доираи вохӯрии Ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Ширкати консалтингии "NAVIGANT" дар шаҳри Вашингтон (ИМА) масъалаҳои нақши муносибатҳои муросилотӣ ва имконияти барқарор намудани онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Машварати корӣ таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ - 2018 баргузор гардид.  

17.04.2018-1.jpg

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар ибтидо намояндагони бонкҳои Тоҷикистонро ба намояндагони Ширкати консалтингии "NAVIGANT" муаррифӣ намуда, вобаста ба вазъи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар рафти мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев махсусан таъкид намуд, ки барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба рушди воқеии на танҳо низоми бонкӣ, балки иқтисодиёти кишварҳои минтақа, вазъи молии онҳо мусоидат хоҳад кард, ки низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин раванд ҳавасманд мебошад.

17.04.2018-4.jpg

Сипас, Директори Ширкати консалтингии ""NAVIGANT" Еллен Зимилес оид ба хизматрасониҳои ширкат, таҳияи ҳисобот ва ташхис дар асоси маълумотҳои пешниҳодшуда аз ҷониби бонкҳо, ки барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ дар оянда мусоидат менамоянд, муаррифии муфассал пешниҳод намуд. Зимни муаррифӣ фаъолияти ширкат ва хизматрасониҳое, ки барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ ба бонкҳо замина фароҳам меоранд, аз ҷумла, бо истифода аз таҷрибаи мавҷуда бо бонкҳои давлатҳои гуногун, мавриди таваҷҷуҳи ҳозирин гардонида шуд.

17.04.2018-3.jpg

Дар рафти вохӯрӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, ки ҳайати бонкҳои ватаниро роҳбаладӣ мекунад, дар хусуси то кадом андоза мусоидат намудани хулосаи ширкати мазкур барои барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва самтҳои дигари хизматрасонии ширкат суол кард.

Дар посух намояндагони Ширкати консалтингии "NAVIGANT" маълумот оид ба талаботҳои ИМА ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ бо бонкҳои давлатҳои дигар, таъмини амният ва мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ, таъмини мониторинги доимии фаъолияти бонкҳои барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ ҳавасманд, бахусус назорати доимӣ ва мониторинги амалиётҳоро пешкаш намуданд.

17.04.2018-2.jpg

Зимни машварати корӣ намояндагони бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба хизматрасониҳои ширкати номбурда, имкониятҳои ҳамкорӣ ва талаботҳои ширкат муколамаи пурмуҳтаво доир намуданд.

Дар ҷамъбаст Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба намояндагони Ширкати консалтингии "NAVIGANT" барои тавсияҳои муфид дар бахши муносибатҳои муросилотӣ изҳори миннатдорӣ карда, бонкҳои ватанӣ барои идома додани ҳамкорӣ бо ташкилоти мазкур таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку