Бонки Эсхата ғолиби “Ҷоми бонкҳо” гардид

Бойгонии ахбор
20.04.2018

Бонки Эсхата ғолиби “Ҷоми бонкҳо” гардид

Дар доираи барномаи ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди олмонии хазинаҳои амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ аз 16 апрел то 20 апрели соли 2018 дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки панҷ даста аз бонкҳои тиҷоратии кишвар - ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСП “Спитаменбонк” ва ҶСК “Соҳибкорбонк” мусобиқаи соҳавии “Ҷоми бонкҳо” баргузор гардид.

IMG_8553.JPG

Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур, баланд бардоштани маҳорати идоракунии (менеҷмент) кормандони роҳбарикунандаи зинаҳои болоӣ ва миёнаи бонкҳо маҳсуб меёбад.

Мусобиқа дар шакли бозӣ гузаронида шуда, дар рафти сабқат аз ҷониби дастаҳо масъалаҳои гуногун оид ба фаъолияти бонкӣ, аз қабили банақшагирии пардохтпазирӣ, тарифҳо оид ба амалиётҳои дороиҳо ва уҳдадориҳо, идораи хавфҳо, стратегияи бонкӣ, банақшагирӣ ва бозомӯзии кормандон, таҳлили нишондиҳандаҳои бонкӣ ва маркетинг мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор гирифтанд.

IMG_8503.JPG

Дар доираи мусобиқа дастаҳо ҷиҳати ноил гардидан ба идораи дуруст ва самаранокии фаъолияти корӣ бо барномаҳои шартии тавозуни ҷудогонаи солона ва нишондиҳандаҳои ба он вобаста дар панҷ марҳила фаъолияти ташкилоти шартии худро муаррифӣ намуданд.

Дар ҷараёни мусобиқаи панҷрӯза дастаи ҶСК “Бонки Эсхата” бо муаррифии беҳтарин барнома ғолиби ин сабқати бонкӣ дониста шуда, соҳиби «Ҷоми бонкҳо» гардид.

IMG_8531.JPG

Ҷомро ба ғолибони мусобиқа Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода дар ҳузури масъулини Фонди олмонии хазинаҳои амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Татяна Фелдган ва Инна Мазур тақдим намуда, барои дар амал татбиқ кардани натиҷаҳои бадастомада, ба иштирокчиёни мусобиқа комёбиҳо орзу намуд.

IMG_8599.JPG

Қобили қайд аст, ки баргузории мусобиқаҳои мазкур байни бонкҳо ба рушди низоми бонкӣ ва беҳтар шудани маҳорат ва малакаи касбии кормандони ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку