Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Муовини Директори Хазинаи байнламилалии асъор Тао Чжан мулоқоти корӣ анҷом дод

Бойгонии ахбор
25.04.2018

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Муовини Директори Хазинаи байнламилалии асъор Тао Чжан мулоқоти корӣ анҷом дод

Дар доираи ҷаласаҳои баҳории Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор (IMF/WB Spring meetings 2018) Намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳайати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов як қатор мулоқоту вохӯриҳоро бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ барпо намуданд.

563A4530-1.JPG

Аз ҷумла, 19 апрели соли 2018 аз ҷониби Ҳайати расмӣ бо Муовини директори Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷаноби Тао Чжан мулоқоти корӣ доир карда шуд. Мавзӯи мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар бахши воқеии иқтисодиёт, низоми молиявию бонкӣ ва мусоидат дар фазои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вобаста ба ин таҳияи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ХБА мавриди баррасӣ қарор гирифт.

563A4634-2.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар навбати худ пешниҳод намуд, ки аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор дар минтақа Маркази такмили ихтисос бо мақсади омода намудани мутахассисон бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар ин самт таъсис дода шавад. Вобаста ба ин ҷаноби Тао Чжан изҳор дошт, ки барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон монеа вуҷуд надорад ва баҳри тавсеа бахшидани ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва бисёрҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҷалби шарикони ХБА ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро изҳори боварӣ кунонид.

563A4619-3.JPG

Дар рафти мулоқот ичунин Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода сухан карда, оид ба вазъи иқтисодии кишвар, қарзи берунаи ҶТ, татбиқи лоиҳаҳои гуногун, саҳми ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҷиҳати рушди иқтисодиёт ибрози ақида намуд.

563A4534-4.JPG

Дар ҷамъбасти мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода омодагии хешро баҳри вусъат бахшидани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо Хазинаи Байналмилалии Асъор, бахусус дар ояндаи наздик барои татбиқи барномаи нав изҳори умед намуд. Дар ин самт даъват гардид, ки ҷонибҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушд ва нигоҳдории суботи молиявию бонкӣ чораҳои заруриро андешанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку