Вохӯрии Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо Ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд

Бойгонии ахбор
25.04.2018

Вохӯрии Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо Ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд

19 апрели соли 2018 дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) ва Бонки ҷаҳонӣ мулоқоти кории Намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов бо Ҳайати Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) таҳти роҳбарии Ноиби Президенти БАТР ҷаноби Юрген Ригторинг баргузор гардид.

563A5116.jpg

Дар оғози мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар масоили пешбурди сиёсати иқтисодии давлат, аз ҷумла оид ба вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, устувории низоми бонкии кишвар, татбиқи ислоҳот дар ин самт ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии таъсири омилҳои беруна ба он изҳори назар намуд.

563A5130.JPG

Дар идома, Мудири ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар БАТР, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бори дигар қайд намуд, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои соҳаи гидроэнергетика ҳамчун афзалият қарор дорад. Аз ин рӯ, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев барои ширкати БАТР дар татбиқи лоиҳаи НБО “Роғун” ва таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар ин самт аз ҷониби БАТР даъват ба амал овард.

563A5089.JPG

Дар баробари ин, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода оид ба ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи гидроэнергетика, нақлиёт, 

563A5050.JPG

фароҳам омадани фазои мусоид дар минтақа сухан карда, аз сатҳи ҳамкории БАТР бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ 


Возврат к списку