Мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вазил Ҳудак

Бойгонии ахбор
25.04.2018

Мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вазил Ҳудак

Дар мулоқоти навбатии Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи ҶТ, ки нимаи дуюми рӯзи 19 апрели 2018 дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ бо Ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вазил Ҳудак баргузор шуд, ҷонибҳо дар масъалаи мавҷуд будани захираҳои мусоиди гидроэенергетикӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба ин соҳаи муфид, ширкати Бонки мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим ибрози назар намуданд.

563A5186.jpg

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни вохӯрӣ бо Ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вазил Ҳудак изҳор доштанд, ки иқтидори гидроэнергетикии кишвар зиёд буда, лоиҳаи НБО “Роғун” аҳамияти минтақавӣ дорад. Аз ин рӯ барои ҳамкорӣ дар татбиқи ин лоиҳа ва лоиҳаҳои дигари сармоягузорӣ Бонки сармоягузории Аврупо ба ҳамкорӣ даъват карда шуд.

563A5180.JPG

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масоили ҳамкорӣ дар самти низоми бонкӣ-молиявӣ, бахши хусусӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ 



Возврат к списку