Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ки 16-22 апрели соли 2018 дар шаҳри Вашингтони ИМА барпо шуд, Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов бо намояндагони Департаменти хазинадории Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) таҳти роҳбарии Мушовири калони Гурӯҳи хизматрасониҳои бонкию молиявии Департаменти хазинадории Вазорати молияи ИМА ҷаноби Уилям Томас мулоқоти корӣ анҷом доданд.
Зимни мулоқот Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Департаменти хазинадории ИМА-ро бо иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳайё намудани шароити мусоиди сармоягузорӣ, кафолат ва имтиёзҳо ба сармоягузорони хориҷӣ шинос намуданд.
Аз ҷумла, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода вобаста ба як қатор навовариҳо ва ислоҳот дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) ва стратегияи солимгардонии низоми бонкии кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ҳавасмандии худро барои барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар минтақа, ки ба рушди на танҳо низоми бонкӣ, балки иқтисодиёти кишвар низ мусоидат менамояд, изҳор намуд.
Дар идомаи ҷаласа гурӯҳи иборат аз намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев вобаста ба барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши низоми бонкӣ бо намояндагони Департаменти хазинадории ИМА мулоқотро ба роҳ монданд.
Намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар ҳавасмандӣ ва омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии бонкӣ бо бонкҳои ИМА изҳор намуда, мусоидати Департаменти мазкурро дархост намуданд. Департаменти хазинадории ИМА барои оғози ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд изҳори омодагӣ намуда, иброз доштанд, ки пешниҳодҳои зикршуда, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода хоҳанд шуд.
Худи ҳамин рӯз, дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молия бо намояндагони Агентии кафолати сармоягузории бисёрҷониба (МIGA) оид ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла соҳаи энергетика муҳокима гардида, бо назардошти пешниҳод гардидани маълумотҳои зарурӣ тибқи талаботҳои МIGA дар мувофиқаи тарафайн мавриди омӯзиш қарор хоҳанд гирифт.
Қайд кардан зарур аст, ки МIGA ташкилоти зертобеи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ буда, мақсади асосии фаъолияти он зиёд намудани сармоягузориҳои мустақим тавассути пешниҳоди кафолат аз хавфҳои сиёсӣ ва пурзӯр намудани иқтидори қарзгирии давлатҳои аъзои Бонки Ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Инчунин, дар доираи сафар вохӯрии ҳайати мазкур бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ оид ба раванди татбиқи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ” дар самти таҷдиди инфрасохтори низоми молиявӣ машварати корӣ доир намуда, ҷонибҳо барои вусъат бахшидани татбиқи лоиҳа муҳокимаронӣ намуданд.
Намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ, дар доираи мулоқотҳои тарафайни судманд масъалаи тавсеа бахшидани ҳамкориҳои иқтисодӣ, бахусус дар низоми молиявӣ ва бонкиро бо шарикони рушд муҳим арзёбӣ намуданд.
Шуъбаи матбуоти БМТ