Мулоқоти Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Директори Департаменти ХБА оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Ҷиҳад Азур

Бойгонии ахбор
27.04.2018

Мулоқоти Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Директори Департаменти ХБА оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Ҷиҳад Азур

Масъалаи ҳамкорӣ дар оғози барномаи нави ислоҳоти исқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) идомаи мавзӯи баррасии мулоқоти Ҳайати ҶТ бо Директори Департаменти ХБА оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Ҷиҳад Азур гардид.

563A4328-1.jpg

Дар рафти вохӯрӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои тавсеа додани ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар самти расонидани кӯмакҳои техникӣ дар низоми бонкии мамлакат, зарурати барномаи нав ва ҳамзамон ҷалби захираҳо дар доираи он,

563A4360-3.jpg

мусоидат дар барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар минтақа махсусан қайд изҳори назар кард. Инчунин, зикр гардид, ки барномаи интизории ХБА ба таҳкими суботи иқтисодӣ ва мусоидат ба ислоҳоти сохтории васеъ, бахусус дар бахши молия ва низоми бонкӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои буҳрони молиявӣ ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти кишвар равона хоҳад шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку