Мулоқоти Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ

Бойгонии ахбор
27.04.2018

Мулоқоти Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ

Дар рафти мулоқоти Намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов дар доираи ҷаласаҳои баҳории Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор бо Ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) мавзӯи асосии муҳокима ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои САSA-1000, НБО “Роғун” ва ҳамкорӣ баҳри рушди бахши хусусӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

563A5407-1.jpg

Ҳамзамон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар рафти мулоқот оид ба таҷдид ва таҳким бахшидани қонунгузории соҳаи бонкӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ сухан кард. Зикр гардид, ки ислоҳоти мазкур дар соҳаи қонунгузории бонкӣ ба таъмини шаффофият ва рушди соҳа мусоидат хоҳад кард.

563A5485-2.jpg

Дар идома, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев сухан карда, аз ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молияӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд ва аз иштироки ташкилот дар татбиқи лоиҳаи НБО “Роғун” даъват ба амал овард. Ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ барои идома додани ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ изҳори омодагӣ карда, барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои гуногуни кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку