Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон дурнамои ҳамкориро муҳокима намуданд

Бойгонии ахбор
27.04.2018

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон дурнамои ҳамкориро муҳокима намуданд

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ Илҳом Раҷабов дар мулоқоти корӣ бо роҳбари Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои судмандро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар оғози мулоқоти корӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, вазъи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ислоҳот ва тадбирҳои дар ин самт андешидашуда, таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати босамари пулию қарзӣ маълумот дод. Ҷонибҳо дар атрофи мавзӯи асосии мулоқоти корӣ - оғози барномаи нави ислоҳоти исқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор табодули андеша намуданд.

563A6433-1а.jpg

Аз ҷумла, дар рафти суҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода қайд намуд, ки бо назардошти тавсияҳои Хазинаи байналмилалии асъор як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ин рӯ, барои фароҳам омадани заминаи мусоид ҷиҳати қабули Барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.  

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зимни суҳбат вобаста ба оғози барномаи нави Хазинаи байналмилалии асъор, ки барои таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати босамари монетарӣ ва таҳкими низоми бонкӣ мусоидат менамояд, изҳори назар намуд. Ҷамолиддин Нуралиев аз ҷумла бо назардошти корҳои анҷомдодашуда дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва нишондиҳандаҳои муътадили иқтисодии кишвар дар чанд соли охир, ба вусъат бахшидани раванди оғози барнома бо назардошти ислоҳоти имконпазир даъват ба амал овард.

Роҳбари Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар робита ба таклифу пешниҳодҳои гуфташуда ибрози назар намуда, изҳор дошт, ки муҳокимаи минбаъда оид ба ҳамкории ҷонибҳо дар самтҳои баррасишуда дар наздиктарин фурсат дар доираи сафари Ҳайати ХБА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

563A6412-2.jpg

Бояд қайд кард, ки дар мулоқоти мазкур Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода низ ширкат варзида, зимни вохӯрӣ дар хусуси ислоҳот дар бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла соҳаи буҷету андоз маълумот дода, оид ба иқдомҳои дар ин самт амалишаванда ибрози андеша намуд.

Бояд қайд кард, ки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва роҳбарони воҳидҳои сохтории калидии БМТ дар доираи ҳафтаи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ - Spring meetings 2018, ки 16 - 22 апрели соли 2018 дар шаҳри Вашингтони ИМА доир гашт, дар доираи мулоқотҳои тарафайни судманд масъалаи тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла бахши воқеии иқтисодиёт, низоми молиявӣ ва бонкӣ, соҳаи энергетика ва дигар бахшҳои муҳимми иқтисодиёт арзёбӣ намуданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку