Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ

Бойгонии ахбор
27.04.2018

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ

Дар доираи Ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ -IMF/WB Spring meetings 2018 (шаҳри Вашингтони округи Колумбия (ИМА) апрели соли 2018), бо иштироки Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ машварати корӣ баргузор гардид.

563A3035-1.jpg

Зимни машварат ҷонибҳо оид ба раванди татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ” дар самти таҷдиди инфрасохтори низоми молиявӣ табодули андеша намуда, барои таҳким бахшидани ҳамкорӣ ҷиҳати идома ёфтани лоиҳаи мазкур ибрози назар намуданд. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба компоненти 4-и лоиҳа дар бораи “Беҳтар намудани инфрасохтори молиявӣ”, раванди татбиқи он, тадбирҳои андешидашуда дар бахши мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зарурати идома додани ин лоиҳа баҳри рушди инфрасохтори низоми пардохт махсусан қайд намуд.

Ҷониби Бонки ҷаҳонӣ оид ба итмом расонидани нақшаҳои пешбинишудаи лоиҳаи мазкур ва дар хусуси таҳким бахшидани раванди иҷроиши баъзе аз қисмҳои дахлдори он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

563A6492-2.jpg

Бояд гуфт, ки барои татбиқи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ” Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон ҷалб шудаанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку