Ҷаласаи коршиносон оид ба омода намудани маводҳои ҷаласаи 38-уми Шӯрои бонкҳои марказии Авросиё дар Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
30.04.2018

Ҷаласаи коршиносон оид ба омода намудани маводҳои ҷаласаи 38-уми Шӯрои бонкҳои марказии Авросиё дар Бонки миллии Тоҷикистон

Рӯзҳои 24-25 апрели соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи коршиносон оид ба омода намудани маводҳои ҷаласаи 38-уми Шӯрои бонкҳои марказии Авросиё бо иштироки намояндагони бонкҳои марказии ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби коршиносон лоиҳаи маводҳое, ки дар Ҷаласаи Шӯро муҳокима мегарданд, аз ҷумла доир ба масъалаҳои фаъолият ва самтҳои рушди низоми бонкии кишварҳои аъзо, вазъ ва тамоюли бозори асъори давлатҳо, нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ, пардохтҳои асъорӣ, интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ миёни давлатҳои узви Шӯро, вазъи тавозуни пардохт ва динамикаи захираҳои байналмилалӣ, самтҳои асосии сиёсати макропруденсиалӣ, низоми ҳисоббаробаркунӣ тавассути пулҳои электронӣ ва фаъолияти Шӯрои машваратии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар натиҷаи кор гуруҳи коршиносон лоиҳаи Протоколи Ҷаласаи 38 Шӯроро омода намуда, ҷиҳати такмил додани маводҳо дар муҳлати муайяншуда қарор қабул намуданд.

Қобили қайд аст, ки баргузории ҷаласаи 38 Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) Авросиё дар Бонки миллии Тоҷикистон рӯзҳои 4-5 июли соли 2018 пешбинӣ гардидааст, ки дар кори он роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) иштирокчиёни Шӯро иштирок хоҳанд намуд.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку