Ҷаласаи 5-уми Шӯрои машваратӣ оид ба фаъолияти аудитории хадамоти аудити дохилии бонкҳои марказии (миллии) кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Иқтисодии АврОсиё

Бойгонии ахбор
30.04.2018

Ҷаласаи 5-уми Шӯрои машваратӣ оид ба фаъолияти аудитории хадамоти аудити дохилии бонкҳои марказии (миллии) кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Иқтисодии АврОсиё

Рӯзҳои 24-26 апрели соли равон дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷаласаи 5-уми Шӯрои машваратӣ оид ба фаъолияти аудитории хадамоти аудити дохилии бонкҳои марказии (миллии) кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Иқтисодии АврОсиё баргузор шуд.

Ҷаласаро Директори Департаменти аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон Абибуллоев Н. ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба кишвари азизи мо хайрамақдам гуфт ва изҳор дошт, ки бо Қарори Шӯрои машваратӣ оид ба фаъолияти аудитории бонкҳои марказӣ (миллӣ) имсол ҷаласаи панҷуми Шӯро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда истодааст ва дар ҷараёни кори ҷаласа якчанд масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

DSC_0049.JPG

Сипас, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Л.Ҷ. расман аз номи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба аъзоёни Шӯрои машваратӣ барои ташриф ва иштирокашон дар ҷаласа изҳори сипос намуда, дар кори ҷаласа барору комёбӣ орзу намуд. Ҳамзамон иброз дошт, ки умедворам фаъолияти Шӯрои машваратӣ дар рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобила, таҳияву такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани малакаюу тахассуси аудиторони бонкҳои марказии кишварҳои иштирокдор саҳми босазо хоҳад гузошт. Итминони комил дорам, ки ин ҷаласа дар самти мубодилаи таҷриба миёни иштирокчиён нақши муҳиму муассир мегузорад ва баҳри такмилу пешрафти фаъолияти аудиторони дохилии бонкҳои марказии (миллии) кишварҳои аъзои Иттиҳоди Иқтисодии АврОсиё таҳрику такони нав мебахшад.

Дар ҷаласаи мазкур шаш нафар аъзои Шӯрои машваратӣ - Сараудитори Бонки Марказии Федератсияи Русия Горегляд Валерий Павлович, сардори Сарраёсати аудити дохилии Бонки миллии Ҷумҳурии Беларус Батуритская Татяна Сигизмундовна, роҳбари Хадамоти аудити дохилии Бонки марказии Ҷумҳурии Арманистон Чалабян Ара Мкртичевич, роҳбари Хадамоти аудити дохилии Бонки миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Шаршенова Бюбюмариям Валибековна, муовини директори Департаменти аудити дохилии Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Ахметова Раушан Кенжебековна ва директори Департаменти аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон Абибуллоев Назулло, дигар намояндагони хадамоти аудити дохилии бонкҳои марказии (миллии) мазкур ва инчунин мутахассисони Идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон ва Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.

Қобили тазаккур аст, ки имсол намояндагони Бонки Рушди Осиё низ хоҳиш намуданд дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ иштирок намоянд ва бо дастгирию ризояти аъзои Шӯро дар кори ҷаласа Сараудитори Бонки Рушди Осиё Ҳок Чай Онг ва аудитори Бонки мазкур Мочинова Надежда Александровна ширкат варзида, роҷеъ ба мавзӯи “Ташаббусҳои Бонки Рушди Осиё оид ба рушди иқтидори бахши давлатӣ дар соҳаи аудит” маърӯзаи худро манзур намуданд, ки ин ибтикор боиси боз ҳам тавсеа ёфтани доираи иштирокчиён ва ҷолибтар гаштани ин чорабинии муҳим гардид.

DSC_0078.JPG

Тибқи барномаи Шӯрои машваратӣ, дар ҷараёни кори ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуданд:

  • табодули таҷрибаи бонкҳои марказӣ (миллӣ) оид ба масъалаҳои аудити идоракунии фаъолияти низоми пардохт ва назорат аз рӯи он;
  • табодули таҷрибаи бонкҳои марказӣ (миллӣ) оид ба аудити идоракунии раванди таъмини муомилоти пули нақд ва ҳамлу нақли пули нақд;
  • табодули таҷрибаи бонкҳои марказӣ (миллӣ) оид ба гузаронидани баҳодиҳии дохилӣ ва берунии сифати фаъолияти аудити дохилӣ;
  • табодули таҷриба оид ба хизматрасонии машваратӣ аз ҷониби хадамоти аудити дохилии бонкҳои марказӣ (миллӣ);
  • табодули таҷрибаи бонкҳои марказӣ (миллӣ) оид ба истифодаи таъминоти барномавӣ бо мақсади автоматисозии фаъолияти аудити дохилӣ.

Марбут ба мавзӯъҳои номбаршуда намояндагони хадамоти аудити дохилии бонкҳои марказӣ (миллӣ) маърӯзаҳои (презентатсияҳои) худро манзур намуда, таҷрибаи худро дар самтҳои мазкур шарҳу тавзеҳ доданд ва ба саволҳои ҳозирин посух доданд.

Дар баробари ин, дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои дигари ташкилию маъмурӣ низ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар маҷмӯъ ташкилу баргузорӣ ва натиҷаҳои ҷаласаи мазкурро иштирокдорони Шӯрои машваратӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ намуданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку