Ташкили шанбегии дастаҷамъӣ ҷиҳати ободонӣ ва кабудизоркунӣ

Бойгонии ахбор
07.05.2018

Ташкили шанбегии дастаҷамъӣ ҷиҳати ободонӣ ва кабудизоркунӣ

Дар Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам маъракаҳои ҳашару шанбегиҳои дастаҷамъона таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба таври фаъол ба роҳ монда шуда, бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва нигоҳубини дарахтону растаниҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

563A7692.JPG

Аз ин рӯ, шанбеи навбатӣ, 5 майи соли 2018 ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ, бунёди гулгаштҳо ва кабудизоркуни муҳити атроф дар Бонки миллии Тоҷикистон ба тариқи дастаҷамъӣ шанбегӣ гузаронида шуд.

563A7994-1.JPG

Дар шанбегии дастаҷамъона, корvандони панҷ воҳиди сохтории Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қариби 100 нафар ба ҳашар баромада, дар тоза кардани муҳити атроф, тоза кардани саҳни назди ҳавлӣ аз алафҳои бегона ва худрӯй, кабудизоркунии муҳити атроф, шинондани ниҳолҳои ороишӣ саҳми худро гузоштанд.

563A7863-2.JPG

Бояд гуфт, ки чунин ҳашарҳои дастаҷамъӣ ва шанбегиҳо мунтазам гузаронида шуда, дар баробари кормандони ёрирасон инчунин мутахассисон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атрофи биноҳои Бонк, шинонидани дарахту ниҳолҳои ороишӣ иқдом нишон медиҳанд.

563A8157-3.JPG

Дар баробари ин, бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободониву кабудизоркунии муҳити атроф ва саҳми сазовор гузоштан дар ободу зебо гардонидани пойтахти Ватани азизамон – шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани корҳои созанда дар мавсими навбатии ниҳолшинонӣ дар баробари парвариш кардани қариби 300 ҳазор ниҳоли гулҳои мавсимӣ (катарантус, салвия, тагес, виола), 100 ҳазор қаламчаи гули садбарг шинонида ва парвариш карда шуд, ки айни замон қаламчаҳо сабзида, то охири сол барои шинонидан омода мешаванд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку