Мулоқоти Сироҷиддин Икромӣ бо Фабио Тарантини

Бойгонии ахбор
08.05.2018

Мулоқоти Сироҷиддин Икромӣ бо Фабио Тарантини

7 майи соли 2018 муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо Мушовири Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ/ Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) Фабио Тарантини мулоқоти корӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо вазъи кунунии низоми бонкии кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда ба якчанд масъалаи муҳим, аз ҷумла мусоидат ба кӯмакҳои техникӣ дар самти таъсис додани феҳристи қарзӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон диққати махсус зоҳир намуданд.

563A8277.JPG

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ зимни мулоқот аз ҳамкории судманди ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Ширкати молиявии байналмилалӣ (IFC) бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки бо истифода аз таҷрибаи пешқадами ширкатҳои молиявии мазкур амалӣ намудани дурнамои рушди низоми бонкӣ мувофиқи мақсад мебошад.

563A8325.JPG

Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ/Ширкати молиявии байналмилалӣ (IFC) Фабио Тарантино дар навбати худ нисбати масъалаҳои баррасишуда, бахусус барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобила бо Бонки миллии Тоҷикистон омодагии хешро изҳор дошт. Таъкид гардид, ки Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) барои беҳтар намудани инфрасохтори Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи кӯмаки техникӣ, аз ҷумла дар соҳаи низоми бонкӣ, такмили ҳисоботдиҳӣ ва ҷамъоварии маълумот аз ҷониби бюроҳои таърихи қарзӣ ҳамкорӣ хоҳад намуд.

563A8241.JPG

Дар вохӯрӣ инчунин, роҳбарони воҳидҳои сохтории калидии Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд, ки вобаста ба масъалаҳои дар боло зикршуда бо Мушовири Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ/Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) Фабио Тарантини дар алоҳидагӣ машварат менамоянд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку