Шарҳи мухтасари таваррум дар моҳи апрели соли 2018

Бойгонии ахбор
10.05.2018

Шарҳи мухтасари таваррум дар моҳи апрели соли 2018

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи таваррум дар моҳи апрели соли ҷорӣ ба 0,5 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта ба андозаи -0,7 банди фоизӣ (б.ф.) кам мебошад.

Дар моҳи баррасишаванда ба таварруми ҳосилшуда асосан қиматшавии нархи маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба андозаи 0,9 фоиз (саҳм дар таваррум 0,5 фоиз) ва молҳои ғайрихӯрока 0,2 фоиз таъсир расонид. Ҳамзамон, коҳишёбии арзиши хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ низ дар моҳи мазкур ба андозаи -0,1 фоиз ба қайд гирифта шуд.

Бояд қайд намуд, ки таваррум асосан аз ҳисоби таъсири омилҳои мавсимӣ ба вуқӯъ пайваст. Инчунин, дар нимаи дуюми моҳ афзоиши фишорҳои беруна ба қурби пули миллӣ нисбатан таъсири худро ба нархи молҳои воридотӣ расонид. Аз ҷумла, дар ин моҳ болоравии нархи себ, сабзӣ, тухм, карам, лимон, нок, гӯшти гов ва гази моеъ ба қайд гирифта шуд.

Таваррум аз аввали сол бо нишондиҳандаи манфии -0,2 фоиз ҷамъбаст ёфт. Таварруми солона бошад, тавре интизор мерафт, раванди коҳишёбии худро идома дода, дар моҳи апрел ба 1,9 фоиз баробар гардид, ки ин нишондод нисбат ба моҳи қаблӣ ба андозаи -0,6 б.ф. кам мебошад.

Шарҳи бештари маълумот оид ба омилҳои таъсиррасон ба сатҳи таваррум дар маводи “Шарҳи таварруми моҳона барои моҳи апрели соли 2018” интишор мегардад.


Возврат к списку