БМТ: Вохӯрии Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳидоят Бишчевич

Бойгонии ахбор
11.05.2018

БМТ: Вохӯрии Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳидоят Бишчевич

10 майи соли 2018, дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Сафир, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳидоят Бишчевич баргузор гардид.

563A8404.JPG

Дар ҷараёни вохӯрӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев Сафирро бо вазъи феълии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва молиявии ҷумҳурӣ, бахусус фаъолияти низоми бонкӣ шинос намуд. Ҷамолиддин Нуралиев аз сатҳи ҳамкорӣ ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар низоми бонкии мамлакат, дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва суботи молиявӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд. Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев дурнамои ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, аз тадбирҳои андешидашуда дар даврони буҳрони иқтисодӣ, аз ҷумла ислоҳот дар низоми бонкӣ, татбиқи сиёсати босамари пулию қарзӣ бо истифодаи фишангҳои муосир, гузаштан ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, идоракунии захираҳои байналмилалиро махсусан қайд кард.

563A8435.JPG

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо инчунин вобаста ба муносибатҳои умумии ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар бахши иқтисодиёт ва молия табодули назар намуданд.

Зимни суханронӣ, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳидоят Бишчевич изҳор намуд, ки Иттиҳоди Аврупо барои таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷонибаи судманд ва тавсеа ёфтани он ҳавасманд мебошад. Бо дарназардошти муҳиммияти рушди босубот барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо омода аст дар доираи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030” ҳамкориро дар сатҳи хубтару беҳтар ба роҳ монад. Ҷаноби Ҳидоят Бишчевич инчунин қайд намуд, ки дар доираи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2014-2020 Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба тасвиб расидааст, ки мутобиқи он ба Тоҷикистон давоми солҳои 2014-2020 маблағҳои грантӣ равона шуда истодаанд.

563A8529.JPG

Дар интиҳои вохӯрӣ, ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои сифатан нав, дастгирӣ ва пешниҳоди кӯмакҳо, инчунин ҷалби сармоя ҷиҳати пешбурди низоми бонкӣ ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд. Ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои ҳамкорӣ дар низоми бонкӣ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки самтҳои афзалиятнок ва бахшҳои ба рушд эҳтиёҷдоштаро муайян намуда, дар якҷоягӣ барои дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо чораҳои зарурӣ хоҳанд андешид. Ҳамчунин тарафҳо вобаста ба масъалаҳои сафари Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷаноби Невин Мимитса, ки дар ҳамоиши байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушду устувор, солҳои 2018-2020”, ки рӯзҳои 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, табодули андеша намуданд.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку